Вазъи бисёр нобасомону ҳассоси ҷаҳони муосир боиси боз ҳам шиддат гирифтани норасоии маводи ғизоӣ ва болоравии минбаъдаи нархҳо мегардад ва мо набояд инро фаромӯш созем.
Бовар дорам, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус дар ин рӯзҳо бо дарназардошти суннатҳои неки аҷдодӣ ва дар асоси фармудаҳои дини ислом барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу субот, густариши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ободиву оромии Ватани азизамон саъю кӯшиш карда, дар раванди бунёдкориву созандагӣ ва пешрафту сарсабзии кишварамон саҳми худро мегузорад.
Таълимоти дини мубини ислом моро ҳидоят медиҳад, ки покиву назофатро аз худ ва хонаву дари хеш, хайру саховатро аз аҳли оилаву наздиконамон ва ваҳдату ягонагиро аз садоқатмандиву масъулиятшиносӣ дар анҷоми рисолати ватандориву ватансозӣ оғоз намоем.
Ба умеди ободии боз ҳам бештари Ватани азизамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва оромиву осоиши рӯзгори ҳар як оилаи кишварамон кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии иди сайиди Фитр табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, ризқу рӯзии фаровон ва оромиву осоиш орзу менамоям.