Имрӯз, 23 марти соли 2026 дар шакли видеоконфронс ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқа ва баррасии лоиҳаи санади дахлдор дар бораи таъсиси Шӯрои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа намояндагони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ иштирокчиён лоиҳаи Созишномаро, ки ба ташаккули механизми устувори ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаи иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти ваколатдор равона гардидааст, ба таври муфассал ва мазмуннок баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои шаклгирии институтсионалии Шӯро, муайян намудани ҳадафҳо, вазифаҳо, принсипҳои фаъолияти он, инчунин шаклу самтҳои ҳамкорӣ зоҳир карда шуд.
Иштирокчиён ҷонибдории худро дар самти таъсиси ин Шӯро ва ба анҷом расонидани раванди мувофиқаи лоиҳаи созишнома иброз дошта, аҳаммияти онро барои таҳкими муносибатҳои ҳамкории бисёрҷониба, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор, инчунин рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ дар доираи ИДМ таъкид карданд.
Бинобар ҷой доштани яқ қатор пешниҳодҳо ва пурра фаро гирифтани мавқеи давлатҳои аъзо таклиф шуд, ки ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносон дар иртибот ба баррасии лоиҳаи санади дахлдор дар бораи Шӯрои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил санаи 30 апрели соли 2026 гузаронида шавад.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон