Дар партави сиёсати созандаву ободгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф, бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳудудии он шанбегии дастаҷамъона, маъракаҳои ниҳолшинониву ободгардонӣ таҳти унвони «Саҳми мо дар ободии Ватан – ниҳоли имрӯз, фардои сабз» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ, инчунин воҳидҳои сохтории Хадамот фаъолона иштирок намуданд. Дар доираи шанбегӣ корҳои тозакунии ҳудудҳои маъмурӣ, ободонии гирду атроф, ҷамъоварии партовҳо, ҳамворсозии қитъаҳои замин, шинонидани ниҳолҳо ва кабудизоркунӣ ба роҳ монда шуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуда, нигоҳубини мунтазами онҳо таъмин мегардад. Иқдоми мазкур ҳамчун саҳми арзанда дар беҳдошти вазъи экологӣ, паст кардани таъсири омилҳои манфии муҳити зист ва фароҳам овардани фазои солиму гуворо арзёбӣ мешавад.
Иштирокчиёни чорабинӣ таъкид доштанд, ки чунин ташаббусҳои созанда дар баробари иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва табиатро таҳким мебахшанд. Ҳамзамон, шинонидани дарахтон ҳамчун амали нек ва дарозмуддат, рамзи зиндагии сабз ва ояндаи ободу шукуфони кишвар ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар тамоми сохторҳои ҳудудии Хадамоти иҷро дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардида, ба як иқдоми умумиҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст.
Зикр бояд намуд, ки ҳамасола 5 апрел ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти иҷро таҷлил гардида, бахшида ба ин сана дар баробари шанбегиҳои дастаҷамъона баргузории дигар чорабиниҳои маърифативу ҳуқуқӣ низ дар назар дошта шудааст.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи сиёсати давлатии экологӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.


