Аз 2 то 6 декабри соли 2019 ҳайати расмии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамот ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи истеҳсолоти иҷро бо Бюрои иҷрои маҷбурӣ дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд.
Зимни сафари корӣ мулоқоти Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода И.М. бо Директори Бюрои иҷрои маҷбурӣ дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қудратхоҷаев Б.Б. баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот қайд карда шуд, ки сафари мазкур бо иродаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев сурат гирифта, давоми муносибатҳои ботадриҷ рушдёбандаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти ҳамкориҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳуқуқӣ, бахусус дар самти иҷроиши санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот, мубодилаи таҷриба ва дигар масъалаҳои корӣ баррасӣ гардида, бо натиҷаи он Созишномаи ҳамкории байниидоравӣ ба имзо расонида шуд.
Инчунин, дар доираи сафари корӣ ҳайати расмии Хадамот аз фаъолияти кормандони Раёсатҳои Бюрои иҷрои маҷбурии вилоятҳои Бухоро ва Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан карда, бо шароити кории онҳо аз наздик шинос шуданд.