Зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода қайд намуд, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли 2022 тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар партави сиёсат, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тамоми чораҳоро баҳри иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор андешид.
Дар соли 2022 ба Хадамот 11 636 (2021 – 13 298) истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардид, ки назар ба соли 2021 1662 истеҳсолоти иҷро камтар мебошад. Чун бо тадбирҳои андешидаи Хадамот ва мақомотҳои марбута, ки корро дар ин самт тақвият доданд шумораи истеҳсолотҳои иҷро оид ба ситонидани алимент камтар гардид. Айни замон аз солҳои пешин дар маҷмӯъ 94 934 адад ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кудак зиёда аз 39,9 млн сомонӣ (2021 – 21,5 млн) маблағи алимент ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 - 18,4 млн сомонӣ ё 46,1 фоиз зиёд мебошад.
Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбати 538 (2021 – 410) нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Нисбати 398 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон бо таъиноти суд ва қарори иҷрочиёни мақомоти иҷро кофтуков эълон шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз проблеммаҳои истеҳсолоти иҷро ин саркашӣ намудани падар аз супоридани маблағи алимент ба шумор меравад. Бинобар ин, Хадамот дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд наворҳои иҷтимоии видеоӣ вобаста ба алимент ва оқибатҳои пардохт накардани он, инчунин оид ба феҳристи ягонаи қарздорон омода намудаанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардида истодаанд.
Инчунин, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кормандони мақомот байни аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо дар мавзӯҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва мавзӯҳои ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд 2 056 маротиба вохӯрию сӯҳбат, баромадҳо ва дар нашрияҳои давлатӣ мақолаҳо ба чоп расониданд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон