Зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ қайд намуд, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли 2022 тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар партави сиёсат, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тамоми чораҳоро баҳри иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор андешид.
Хадамот дар соли 2022 дар ҳамбастагӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани муқаррароти моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати нисбати 7 844 (2021 – 2 285) нафар қарздорон маҳдудият гузошт, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 - 5 559 нафар зиёд мебошад. Амали мазкур натиҷаҳои мусбӣ дода, 800 (2021-45) нафар қарздорон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир гардида, маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми зиёда аз 6,3 млн. сомонӣ аз онҳо ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 зиёда аз 5,8 млн сомонӣ ё 92 фоиз зиёд мебошад.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон