6 феврали соли 2023 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти Хадамот дар соли 2022 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода қайд намуд, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли 2022 тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар партави сиёсат, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тамоми чораҳоро баҳри иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор андешид.
Дар ин давра ба дастгоҳи марказии Хадамот ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо 40 860 (соли 2021 – 46 766) мавод ва арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ ворид гардид.
Бо дарназардошти 1 818 истеҳсолоти иҷрои боқимондаи соли гузашта, ҷамъи умумии истеҳсолотҳои иҷро дар соли 2022 - 42 004 ададро ташкил дод.
Бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 34 577 ҳуҷҷати иҷро ё 82,3 % (2021 – 37 303 ҳуҷҷати иҷро ё 77%) ба маблағи 85,8 млн. сомонӣ, 1,1 млн. доллари ИМА, 1,4 млн. рубли Федератсияи Россия, 7 171 рубли Ҷумҳурии Беларус, 4 500 евро ва 1,05 млн. суми Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмин гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта иҷрои воқеӣ афзоиш ёфтааст.
Аз ин шумора, ба манфиати давлат 21 004 ҳуҷҷати иҷро ворид гардида, иҷрои воқеии 17 265 ё 82,1 % ҳуҷҷати иҷро дар ҳаҷми 33,6 млн. сомонӣ, 84,4 ҳазор доллари ИМА ва 7 000 рубли Федератсияи Россия ситонида шудааст. Ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ 740 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи умумии 42,9 млн. сомонӣ, 984,3 ҳазор доллари ИМА, 1,4 млн. рубли Федератсияи Россия, 5 978 рубли Ҷумҳурии Беларус, 4 500 евро, 1,05 млн. суми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ба манфиати шахсони воқеӣ 13 296 адад ҳуҷҷатҳои иҷро ба маблағи 9,9 млн. сомонӣ, 131,7 ҳазор доллари ИМА ситонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 047 доллар барзиёд маблағ ситонида шудааст.
Дар ин давра ба Хадамот 11 636 (2021 – 13 298) истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардид, ки ки назар ба соли 2021 1662 истеҳсолоти иҷро камтар мебошад. Бо тадбирҳои андешидаи Хадамот ва мақомотҳои марбута, ки корро дар ин самт тақвият доданд шумораи истеҳсолотҳои иҷро оид ба ситонидани алимент камтар гардид. Айни замон аз солҳои пешин дар маҷмӯъ 94 934 адад ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кудак зиёда аз 39,9 млн сомонӣ (2021 – 21,5 млн) маблағи алимент ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 18,4 млн сомонӣ ё 46,1 фоиз зиёд мебошад.
Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбати 538 (2021 – 410) нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Нисбати 398 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон бо таъиноти суд ва қарори иҷрочиёни мақомоти иҷро кофтуков эълон шудааст.
Дар шуъбаи пешбурди феҳристи қарздорон ва маҳзани электронии Хадамот барои напардохтани маблағҳои қарзӣ 5 679 шахсони воқеӣ ва 201 шахсони ҳуқуқӣ ворид карда шуданд. Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 7 844 (2021 – 2 285) нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 - 5 559 нафар зиёд мебошад. Амали мазкур натиҷаҳои мусбӣ дода, 800 (2021-45) нафар қарздорон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир гардида, маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми зиёда аз 6,3 млн. сомонӣ аз онҳо ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда зиёда аз 5,8 млн сомонӣ ё 92 фоиз зиёд мебошад.
Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кормандони мақомот байни аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо дар мавзӯҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва мавзӯҳои ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд 2 056 маротиба вохӯрию сӯҳбат, баромадҳо ва дар нашрияҳои давлатӣ мақолаҳо ба чоп расониданд.
Дар ин давра ба Хадамот 674 (2021 – 839) муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд ворид гардидааст, ки ҳамаи онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баҳри иҷрои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 апрели соли 2010 ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Хадамот ва сохторҳои он ба роҳ монда шудааст. Дар рӯзҳои қабул аз ҷониби роҳбарияти Хадамот 435 (2021 – 396) шаҳрванд қабул карда шудааст.
Дар самти қонунгузорӣ Хадамот Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» - ро дар таҳрири нав таҳия намуд, ки он аз 13 июни соли 2022 мавриди амал қарор дорад.
Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони Хадамот якчанд лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардиданд, ки айни замон мавриди амал қарор доранд.
Ғайр аз ин, бо мақсади муайян кардани рӯзи кормандони мақомоти иҷро аз тарафи Хадамот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҳия гардид, ки он 24 декабри соли 2022 ба имзо расид.