6-уми январи соли 2023 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти иҷро дар самти таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023» баргузор гардид, ки дар он Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Шуҳрат Абдулмаҷид иштирок доштанд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 муовини якуми Сардори Хадамот Юсуфзода Ю.С. гузориш дод.
Ҳамзамон, сардорони раёсатҳои иҷро дар вилоятҳои Суғду Хатлон, иҷрочиёни калони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, иҷрочиёни калони судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон, суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолият гузориш доданд.
Сипас, Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Шуҳрат баромад намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президент, стратегияю барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ӯ ба фаъолияти кормандони мақомоти иҷро дар соли 2022 баҳои баланд дода, саҳми арзандаи онҳоро дар иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин иҷро намудани санадҳои дигар мақомоти давлатӣ назаррас номид.
Зимни ҷаласаи ҳайати мушовара Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода қайд намуданд, ки дар дар соли 2022 бо дастгирию роҳнамоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамот вобаста ба ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа, инчунин дар самти таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро корҳои мақсадноку самарабахшро анҷом дод.
Аз ҷумла, дар ин давра аз ҷониби роҳбарияти Хадамот фаъолияти иҷрочиён пурзӯр карда шуда, бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти кормандони мақомот мавриди муҳокима қарор дода, ба кормандони мақомот ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пуштибонӣ ва татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро, пурзӯр намудани фаъолият оид ба ситониши маблағҳо ба манфиати давлат, шахсони вақеӣ ва ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва дигар қонунгузории ҷумҳурӣ, бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он сари вақт пешниҳод намудани рӯйхати қарздорон ба феҳристи қарздорон ва гузоштани маҳдудият ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди кишвар, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни ҳайати мушовара нақшаи кори Хадамоти иҷро барои нимсолаи якуми соли 2023 тасдиқ карда шуд.
Сипас, аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода ба як қатор кормандоне, ки ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил гардиданд, сипоснома тақдим карда шуд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон