Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2022 ҳамоиш бахшида ба 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш Сардори Хадамоти иҷро Саидвализода Барно Саиднабӣ кормандонро ба муносибати ин санаҳои таърихӣ муборакбод намуда, қайд намуданд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик нақши муассир ва сарнавиштсозеро бозид. Ин дастоварди бузург ба шарофати кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.
Дар иҷлосия бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 74 санади меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун қабул гардид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи Парчами давлатӣ» ва дар радифи дигар қонунҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» қабул гаштанд. Ин қонунҳо ба барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишварамон мусоидат намуданд. Бо ин тадбирҳои амалисохтааш Сарвари давлат ба фаъолияти қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Сардори Хадамот ба кормандон таъкид намуд, ки моро зарур аст, ки ба қадри неъмати бузурги соҳибватан ва соҳибдавлат будан, ба қадри осоиштагию сулҳу низоми кишварамон бирасем.
Самараи истиқлолият ва сулҳу ваҳдат аст, ки бо мақсади беҳтар намудани иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ бо ташаббусуҳои созандаи Пешвои миллат 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва дар тули фаъолият қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” дар таҳрири нав бо зиёда аз 40 тағйиру иловаҳо бо қонунгузории кишвар қабул гардиданд. Дар 9 моҳи соли 2022 аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 30 млн 203 ҳазор сомонӣ руёнида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 13 млн 270 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад ва сол то сол фаъолияти иҷрочиён беҳтар гардида истодааст. Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 6 511 нафар (2021 – 2 285) қарздорон маҳдудият гузошта шуда, кор дар ин самт ҷоннок карда шудааст. Дар 9 моҳи соли 2022 амали мазкур натиҷаҳои мусбӣ дода, 488 нафар қарздорон сарҳадҳои кишварро убур карда натавониста, маблағҳои қарзиро ба андозаи зиёда аз 4 млн 300 ҳазор сомонӣ пардохт намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 4 млн 200 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бо ин васила иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар рӯз то рӯз беҳтар гардида, ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маблағҳо ситонида мешаванд.
Сипас, иҷрочиёни Хадамот вобаста ба 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, сипосгузории худро ба Пешвои маҳбуби миллат баҳри барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар ва дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлат ва роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.
Ҳамзамон, бахшида ба 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷро Саидвализода Б.С. дар фазои тантанавӣ кормандони мақомот ба рутбаҳои навбатии дараҷавӣ сарфароз гардонида шуданд.



