Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудавварро дар мавзӯи «Татбиқи Конвенсияи Минск ва Кишинёв доир ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ: муаммо ва роҳҳои ҳалли он» дар ҳамкорӣ бо шарики рушд - ҳамоҳангсози миллии барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) баргузор намуд. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, прокуратура, вазорату идораҳои дахлдор, донишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ зимни ҳамоиш иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони Истиқлол на танҳо равобити судмандро бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.
Дар ин замина, муносибат бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ афзалият доранд.
Дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул гардидани конвенсияҳои Минск ва Кишинёв доир ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ ба маврид мебошад. Зеро, Конвенсияи мазкур масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ҳалли муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятиро байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба танзим даровардааст.
Баромадкунандагон вобаста ба мавзӯи баррасишаванда, мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он баромадҳо карда, таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуданд. Ҳамоиш барои дарёфти ҳалли мушкилиҳои соҳа заминаи мусоид фароҳам овард.