Муҳтарам Барно Саиднабӣ,
Бо арзи самимитарин орзуҳо ва гуворотарин таманниёт Шуморо ба муносибати таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик муборакбод мегӯем.
Саҳми милитсия бо дастгирӣ аз сиёсати сӯлҳҷӯёна ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пойдории сохти конститутсионӣ, амнияти миллӣ, тамомияти арзӣ, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва умуман барои барқарории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа назаррас аст.
Милитсияи тоҷик ҳанӯз аз замони таъсисёбиаш ҳамчун Комиссариати халқии корҳои дохилӣ асолати таърихии худро дар назди давлату миллат ва халқи Тоҷикистон адо намудааст.
Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷиҳати моддию техникӣ, захираи кадрҳои соҳибтахассус рушду нумӯ карда, алоқаи милитсия бо аҳолӣ қавӣ ва боварии мардум ба ин мақомот комил гардид.
Дар давраи барои давлату миллат тақдирсоз, дар қатори садҳо ҷавонмардони ҷонфидои Ватан ба мақомоти милитсия ба кор омадани Шумо ҳамчун нишонаи ватандориву ватандӯстӣ, қавииродагӣ, мардонагӣ, ғайрату матонат, ҷасорату шуҷоат ва дили бузург доштанатон арзёбӣ мегардад.
Бо донишу малакаи комил ва таҷрибаи бойи корӣ, аз муфаттиши РКД-и шаҳри Кӯлоб то сардори шуъбаи Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовин ва сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зина ба зина ба фатҳи қуллаҳои баланди касбӣ, бо заҳмати шабонарӯзӣ расиданатон аз садоқату вафодориатон ба давлату миллат гувоҳӣ медиҳад.
Бузургии Шумо бори дигар дар он ифода меёбад, ки донишҳои назариявиро дар амалия татбиқ намуда, сазовори унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардидаед.
Хизматҳоятон аз ҷониби Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаи олиии афсарии “Генерал-майори милитсия”, медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ гардидааст.
Боиси ифтихории мо кормандон аст, ки таҳти роҳбариии Шумо- нахустгенералбонуи тоҷик дар таърихи мақомоти корҳои дохилии кишвар, фаъолият дорем.
Бароятон сиҳатмандӣ, сарҷамъӣ, сарбаландии ҳамешагӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорем.
Иди касбӣ муборак!
Бо камоли эҳтиром,
ҳайати кормандони
Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон