Рӯзи 4 ноябри соли 2022 бахшида ба 28 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол” баргузор гардид.
Сардори Хадамоти иҷро Саидвализода Барно Саиднабӣ зимни баромад қайд намуданд, ки таҷлили 28-умин солгарди нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад. Маҳз бо заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи қабули Конститутсия низоми қонунгузорӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид, ки ин падида дар маҷмӯъ зиндагии шоистаро барои ҳар сокини кишвар муҳайё намуд.
Конститутсия кафили пойдории ҳифзи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, омили муттаҳидшавӣ, ҳифзи ризояти шаҳрвандӣ, сулҳу субот ва тинҷию оромӣ дар ҷомеа буда, сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои маҳбуби миллат роҳандозӣ менамояд.
Дар ҳамоиш Ато Мирхоҷа муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Абдуллои Раҳнамо шоир, сиёсатмадор, мудири бахши робитаҳои адабӣ ва тарҷумаи бадеии Иттифоқи нависандагон, Парда Ҳабиб сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ва командони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсия саҳми беназир гузоштанд, ки имрӯз Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат менамояд.
