Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалиро дар мавзӯи « Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ» дар ҳамкорӣ бо шарики рушд - ҳамоҳангсози миллии барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон баргузор намуд. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, прокуратура, вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ, генерал-майори милитсия Саидвализода Барно Саиднабӣ зимни ҳамоиш қайд намуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист на танҳо равобити судмандро бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.
Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи кишвари азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба ин васила Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи ташаббусҳои бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ гардидааст.
Ҳамкориҳои кишварамон бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ниҳодҳо афзалият доранд.
Дар ин замина, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омӯзишу ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами давлатҳо бо намояндагони Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Беларус, Хадамоти иҷрои маҷбурии Ҷумҳурии Арманистон, Ташкилоти давлатии Тазироти Ҷумҳурии Исломии Эрон, Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Россия ва барномаи минтақавии «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» ҳамкориро тибқи ёддоштҳои тафоҳуми ба имзорасида идома дода истодааст.
Дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул гардидани Конвенсияи Минск ва Кишинёв доир ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноӣ ба маврид мебошад.
Зеро, Конвенсияи мазкур масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ҳалли муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятиро байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба танзим даровардааст. Конвенсия мазкур бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2004, №1189 тасдиқ карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаҳои эътироф ва иҷрои санадҳои судиро дар қаламрави давлатҳои аҳдкунанда фасли 3 Конвенсия ба танзим даровардааст.
Воқеан пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ дошта, дар таъмини адолати судӣ иҷрои санадҳои судӣ нақши муҳим дорад. Зеро тавассути иҷрои санадҳои судӣ боварии мардум ба ҳокимияти судӣ ва мақомоти иҷро зиёд гардида, ба ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такони бузурге мебахшад.
Тибқи талаботи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо гардида, онҳо бояд дар алоҳидагӣ амал кунанд.
Аз ин ҷост, ки бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Ба тобеияти Хадамоти иҷро гузаронидани истеҳсолоти иҷро масъулияти баландро тақозо намуда, дар ин соҳа комёбиҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Истеҳсолоти иҷро тадриҷан ба ҳайси яке аз омилҳои муҳими давлатдорӣ, таъмини воқеии адолати судӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва давлат мақоми хоса пайдо намуд.
Роҳбарият ва кормандони Хадамот аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ диққати асосиро ба беҳтар намудани иҷрои воқеии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, барқарор намудани зарари ба манфиати давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ расонидашуда, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона намудааст.
Дар тӯли фаъолият бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Хадамот ба натиҷаҳои хубӣ меҳнатӣ ноил гардиданд. Сифати иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, ки фоизи иҷро назар ба солҳои пешин ба маротиб баланд бардошта шудааст.
Тибқи ҳисоботҳои оморӣ шурӯъ аз соли 2020 то семоҳаи якуми соли 2024 ба истеҳсолоти иҷрочиёни мақомоти иҷро 81 ҳуҷҷатҳои иҷро дар асоси ҳалномаи судҳои давлати хориҷӣ ворид гардида, нисбати онҳо истеҳсолоти иҷрои маҷбурӣ оғоз ва амалҳои иҷрои маҷбурӣ гузаронида шудааст. Зимни иҷрои санадҳои судии давлатҳои хориҷӣ унвонии Хадамот аз мақомоти марбутаи давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, аз ҷониби Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Белорус ва Суди Талинскии Ҷумҳурии Қазоқистон “Сипоснома” унвонии роҳбарият ва иҷрочиёни мақомот ворид гардидааст.
Хадамот баҳри дар амал татбиқ намудани консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643 тасдиқ шудааст, корро дар самти ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ ва ташкили низоми ягонаи байниидоравии электронӣ бо ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи ватанӣ оғоз намудааст.
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳои ҳукумати электронӣ бо дастгирии барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи марказӣ» ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон барномаи электронии низоми истеҳсолоти иҷро омода гардид. Айни замон барнома идораи иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва суди ҳарбии гарнизони Душанберо фаро гирифта, минбаъд давра ба давра дигар иҷрочиёни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба он пайваст мегарданд ва барномаи мазкур дар чорабинии мазкур аз ҷониби барномасоз муаррифӣ гардид.
Истифода ва ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар фаъолияти Хадамоти иҷро аз манфиат холӣ набуда, барои иҷрои саривақтӣ ва босифати санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, баланд бардоштани дараҷаи шаффофияти ошкорбаёнии иттилоот дар барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани сифати ҷараёнҳои маъмурию идоракунӣ, таъмини фаврият, назорати натиҷаи фаъолият ва таъмини сатҳи тақозошавандаи амнияти иттилоотии ҳукумати электронӣ мусоидат хоҳад намуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати татбиқи ҳукумати электронӣ ва рақамикунонӣ байни мақомоти давлатӣ бояд ҳамоҳангӣ ва робитаи низоми электронӣ мавҷуд бошад. Айни замон, фаъолияти иҷрочиёни мақомоти иҷро бо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла саридораи консулии Вазорати корҳои хориҷӣ, нотариусҳо, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти бақайдгирандаи молу мулки манқул ва ғайриманқул, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба муҳоҷират, назорати сарҳадӣ, бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ алоқамандии бевосита дорад.
Зеро, барои муайян намудани вазъи молу мулкии қарздор иҷрочии мақомоти иҷро бо ҳомили қоғазӣ ба мақомоти болозикр бо дархост муроҷиат менамояд, ки барои гирифтани ҷавоби он муҳлати зиёдеро интизор мешавад. Бинобар ин, бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷудаи соҳа, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, беҳтар ба роҳ мондани иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро ва татбиқи ҳукумати электронӣ зарур аст.
Баромадкунандагон вобаста ба мавзӯи баррасишаванда, мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он баромадҳо карда, таклифу пешниҳодҳои худро изҳор доштанд. Ҳамоиш барои дарёфти ҳалли мушкилиҳои соҳа заминаи мусоид фароҳам овард.