Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2023 тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», дар партави сиёсат, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тамоми чораҳоро баҳри иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор андешид.
Дар ин давра кормандони мақомот 21 492 (соли 2022 – 23 174) мавод ва арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз ин шумора 20 427 ададашро санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ташкил медиҳанд.
Бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 16 043 ҳуҷҷатҳои иҷро ё 78,5 % (2022 – 76%) ба маблағи 62.8 млн сомонӣ, 142,2 ҳазор доллари ИМА, 146 рубли Федератсияи Россия ва 13,3 млн. рубли Ҷумҳурии Белорус таъмин гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта иҷрои воқеӣ аз рӯи шумора ба 2,5% ва аз рӯи маблағҳои руёнидашуда 30,5 млн. сомонӣ ва дигар асъори хориҷӣ зиёд ситонида шудааст.
Аз ин шумора, ба манфиати давлат 10 580 ҳуҷҷати иҷро ворид гардида, 31,8 млн. сомонӣ (2022-10,2 млн сомонӣ) ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 21,6 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ 280 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи умумии 24,1 млн сомонӣ, 68,1 ҳазор доллари ИМА, 13,3 млн рубли Ҷумҳурии Белорус ва 146 рубли Федератсияи Руссия рӯёнида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 7,7 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ба манфиати шахсони воқеӣ 167 ҳуҷҷатҳои иҷро ба маблағи 6,5 млн сомонӣ ва 74,1 ҳазор доллари ИМА рӯёнида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 198,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра ба Хадамот 5 612 (2022 - 5 830) истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз солҳои пешин дар маҷмӯъ 91 780 адад ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад. Аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кудак зиёда аз 19,9 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шудааст.
Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбати 399 (2022 - 441) нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Нисбати 392 нафар (2022 - 184) қарздорон бо пешниҳоди иҷрочиён барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон аз ҷониби суд кофтуков эълон шудааст.
Дар бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва маҳзани электронии Хадамот, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст, айни ҳол 823 шахсони воқеӣ ва 33 шахсони ҳуқуқӣ ворид карда шуданд. Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 2600 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст. Амали мазкур натиҷаҳои мусбӣ дода, 857 нафар қарздорон (2022 – 297) сарҳадҳои кишварро убур карда натавониста, маблағҳои бо ҳуҷҷатҳои иҷро таъингардидаро ба андозаи 7,6 млн сомонӣ (2022 – 2,3 млн сомонӣ) пардохт намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 5,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар самти муносибатҳои байналмилалӣ Хадамот бо намояндагони Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Беларус, Хадамоти иҷрои маҷбурии Ҷумҳурии Арманистон ва барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) баҳри омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷи кишвар ҳамкориро тибқи ёддоштҳои тафоҳуми ба имзорасида идома дода истодааст.
Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кормандони мақомот байни аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо дар мавзӯҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва мавзӯҳои ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд 1269 маротиба (2022 - 1067) вохӯрию сӯҳбат, баромадҳо ва дар нашрияҳои давлатӣ мақолаҳо ба чоп расонидаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 202 маротиба зиёд мебошад..
Инчунин, тибқи супориши роҳбари мақомот бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дар ҳамин замина саркашӣ накардани онҳо аз пардохти алимент, оиди ворид намудани қарздорон ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таблиғотӣ таҳия гардидааст, ки намоиши онҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин давра ба Хадамот ва зерсохторҳои он дар маҷмӯъ 1065 (2022 –1700) муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд ворид гардидааст, ки ҳамаи муроҷиатҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 635 адад муроҷиат камтар аст.
Баҳри иҷрои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 апрели соли 2010 ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Хадамот ва сохторҳои он ба роҳ монда шудааст. Дар рӯзҳои қабул аз ҷониби роҳбарияти Хадамот 233 (2022 - 230) шаҳрванд қабул карда шуда, вобаста ба чораҳои андешидашуда ҳар моҳ маълумотнома ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти худро баҳри иҷрои саривақтӣ ва сифатноки санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ равона намуда, дар ҳамин замина ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, шаҳрвандон ва ташкилоту идораҳоро тақвият хоҳад дод.

Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон