6 июли соли 2023 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, сардори Хадамот Саидвализода Б.С. ҷаласаро ифтитоҳ ва рӯзномаи онро баррасӣ намуд.
Дар кори ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 ва тасдиқи нақшаи кори Хадамоти иҷро барои нимсолаи дуюми соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷаласа сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Ш.А., роҳбарият ва кормандони Хадамот иштирок намуданд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 сардори Хадамот Саидвализода Б.С. гузориш доданд.
Ҳамзамон, сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Ш.А. баромад намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президент, стратегияю барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ӯ фаъолияти кормандони мақомоти иҷроро дар нимсолаи якуми соли 2023 назаррас арзёбӣ намуда, саҳми арзандаи онҳоро дар иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин иҷро намудани санадҳои дигар мақомоти давлатӣ қайд намуд.
Сипас, сардорони раёсати дастгоҳи марказии Хадамот, раёсатҳои иҷро дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъбаҳои дастгоҳи марказии Хадамот, иҷрочиёни калони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, иҷрочиёни калони судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон, Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолият гузориш доданд.
Зимни ҷаласаи ҳайати мушовара сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода қайд намуданд, ки дар дар нимсолаи якуми соли 2023 бо дастгирию роҳнамоии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамот вобаста ба ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа, инчунин дар самти таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро корҳои мақсадноку самарабахшро анҷом дод.
Аз ҷумла, дар ин давра аз ҷониби роҳбарияти Хадамот фаъолияти иҷрочиён пурзӯр карда шуда, бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ба феҳристи ягонаи қарздорон 7 303 шахсони воқеӣ ва 234 шахсони ҳуқуқӣ ворид гардидааст.
Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 2600 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст. Амали мазкур натиҷаҳои мусбӣ дода, 857 нафар қарздорон сарҳадҳои кишварро убур карда натавониста, маблағҳои қарзиро ба андозаи 7,6 млн. сомонӣ пардохт намуданд. Бо ин васила иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор таъмин гардида, ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маблағҳо ситонида мешаванд.
Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни ҳайати мушовара нақшаи кори Хадамоти иҷро барои нимсолаи дуюми соли 2023 тасдиқ карда шуд.
Дар барорари ин, аз ҷониби сардори Хадамот ба як қатор кормандон рутбаҳои дараҷавии навбатӣ супорида шуд.
Дар охир сардори Хадамот Саидвализода Б.С. ҷаласаро ҷамъбаст намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани натиҷаҳои корӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.