Тибқи барқияи ҳукуматӣ аз 2 июни соли 2023, №34/10-19 вазорату идораҳо муваззаф гардидаанд, ки дар арафаи иди Қурбон ба таври муташаккилона ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоату дигар табақаҳои иҷтимоии ниёзманди ҷомеа дар намуди маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзгор ва дигар эҳтиёҷот кӯмак расонанд.
Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад.
Дар ин замина, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҳар ҷашну идҳо барои дастгирию кӯмаки саривақтии табақаи ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимону маъюбон ва пиронсолон тадбирҳои таъхирнопазир андешида, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт пайваста амалӣ менамояд.
Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби сардори Ҳадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ дар арафаи иди Қурбон ба муассисаи давлатии “Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон”-и шаҳри Турсунзода кумаки маводҳои эҳтиёҷотӣ, аз қабили уребча (памперс), хамираи дандоншӯӣ, собун, хокаи ҷомашӯӣ ва сони сафед аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот расонида шуд.
Дар иртибот ба ин, аз ҷониби раёсатҳои иҷро дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба муассисаи таълимии “Мактаб - интернат барои кӯдакони ҷисману руҳан носолим”-и шаҳри Хучанд мошинаи ҷомашӯӣ, хокаи ҷомашӯӣ, ба филиали ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар, филиали ташкилоти ҷамъиятии “Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар ва Маркази иҷтимоии тавонбахшии нобиноён дар шаҳри Бохтар кумаки маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, равған, биринҷ ва шакар аз ҳисоби маблағҳои махсус расонида шуд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон