23 июни соли 2023 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ботантана ва дар сатҳи баланди хештаншиносӣ ҷашни 26-солагии Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи хизмати давлатиро таҷлил намуданд. Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода, сармуҳаррири нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» Ваҳҳобзода Рустам ва раиси фонди хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Акбар Абдулло қайд намуданд, ки таърих гувоҳ аст, ки миллати мо тӯли қарнҳои зиёд орзу дошт соҳибватану соҳибдавлат бошад. Ба даст омадани соҳибистиқлолӣ ин орзую ормонро ҷомаи амал пӯшонид ва мо соҳиби давлати мустақилу соҳибихтиёр гардидем. Агарчӣ ибтидо даргириҳои дохилӣ дар самти пиёдасозии ҳадафҳои давлатдорӣ монеъа эҷод кард, аммо баъдтар маҳз Ваҳдати миллӣ, ки бо фидокориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, заминаи мусоид фароҳам овард, ки пояҳои давлатдории нави тоҷикон гузоштаву таҳким ёбанд ва корҳои созандагиву ободокорӣ ба роҳ монда шаванд.
Ваҳдат муқаддастарин вожа барои ҳар қавму миллат аст. Маҳз ваҳдат метавонад барои инсонҳо дастовардҳои бузургро насиб гардонад. Ваҳдат — ин ба ҳам омаданҳо, аз қатраҳо ба дарё табдил ёфтанҳо, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ, таъмини соҳибистиқлолӣ ва пойдории давлат аст.
Дар баробари ин қайд гардид, ки тибқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 20 декабри соли 2002, №57/277 23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатӣ дар Созмони Милали Муттаҳид муқаррар карда шудааст.
Хизмати давлатӣ ҳамчун қисми таркибии сохтори давлат дар байни давлат ва ҷомеа нақши васлкунандаро бозида, ба зиммаи он таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, вогузор карда мешавад. Вазифаи асосии хизматчиёни давлатии Тоҷикистон на танҳо аз хизмат ба давлат, балки аз мусоидат ба давлат дар роҳи хизмат кардан ба ҷомеа иборат мебошад. Хизмати давлатӣ бояд барои амалӣ намудани афзалиятҳои миллӣ ва фаъолияти мақсадноки мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.
Сипас, кормандони Хадамоти иҷро бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозиринро бо ин дастоварди бузурги таърихии мардуми тоҷик табрику муборакбод намуданд. Ҳамзамон маҳфили шеър бо иштироки шоирону нависандагон барпо гардида, хотири иштирокчиёнро шод намуданд.
Дар охир, иштирокчиёни ҳамоиш миннатдории худро ба Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини сулҳ, осоиштагӣ ва ободии кишвари азизамон баён намуданд.


