Тибқи розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2023 кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамот Саидвализода Барно Саиднабӣ ҷиҳати иштирок дар 11-умин форуми байналмилалии ҳуқуқшиносони Санкт-Петербург аз 11 то 13 майи соли 2023 ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ташриф оварданд.
Маврид ба зикр аст, ки форуми мазкур аз ҷониби Вазорати адлияи Федератсияи Россия якҷо бо Фонди «Росконгресс» дар асоси фармони Президенти Федератсияи Россия аз 15 феврали соли 2022, №55 баргузор гардид. Дар доираи форуми болозикр ҷаласаи мубоҳисавӣ аз ҷониби Хадамоти федеролии приставҳои суди Федератсияи Россия бо иштироки роҳбарони мақомотҳои иҷрои маҷбурӣ дар мавзӯи «Фаъолияти касбии ситонандагон» баргузор шуд, ки он ба фаъолияти ҳаррӯзаи иҷрочиён вобастагӣ дошт.
Форум тайи солҳои охир ба макони махсус барои муҳокимаи масъалаҳои мубрами рушди институти истеҳсолоти иҷро ва иҷрои иҷборӣ табдил ёфта, мақсади асосии он таҷдид ва ҳамоҳангсозии низомҳои истеҳсолоти иҷрои давлатҳо мебошад.
Зимни баргузории Форум иштироккунандагон бо таҷрибаи ҳуқуқтатбиқнамоии дигар давлатҳо шинос шуда, оид ба низоми гуногуни истеҳсолоти иҷро ва мақсаднокии ҷорӣ намудани чораҳои нави таъсиррасонӣ ба қарздор, инчунин таҳлил ва арзёбии самараноки механизмҳои дар ин соҳа амалигардида мубодилаи афкор намуданд.
Истифода ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо дар самти истеҳсолоти иҷро дар фаъолияти Хадамоти иҷро аз манфиат холӣ набуда, барои иҷрои саривақтӣ ва босифати санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот мусоидат хоҳад намуд.
Дар баробари ин, бо иштироки муовини котиби Шӯрои амнияти миллии Федератсияи Россия, муҳтарам Медведев Дмитрий Анатольевич ҷаласаи пленари дар мавзуи «Истиқлолият дар ҳуқуқ» баргузор гардид.
Ғайр аз ин, 12 майи соли 2023 дар ҳошияи 11-умин форуми байналмилалии ҳуқуқшиносони Санкт-Петербург мулоқоти дуҷонибаи Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Саидвализода Барно Саиднабӣ бо директори Хадамоти федеролии приставҳои судии Федератсияи Россия, генерал-полковники хизмати дохилӣ Аристов Дмитрий Васильевич баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни ду мақомот, аз ҷумла тақвияти ҷараёни ба имзо расонидани «Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии приставҳои судии Федератсияи Россия дар самти истеҳсолоти иҷро» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Директори Хадамоти федеролии приставҳои судии Федератсияи Россия Артистов Д.В. ба фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, қайд намуд, ки дар самти баланд бардоштани фоизи иҷро, муккамал гардонидани қонунгузории соҳа, татбиқи феҳристи ягонаи давлатии қарздорон, ҷори намудани маҳдудият ҷиҳати баромада нарафтани қарздор аз ҳудуди кишвар, иҷро намудани санадҳои судии давлатҳои хориҷи кишвар Хадамоти иҷро ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҳамзамон, ҷонибҳо омодагии ҳамешагии худро барои рушди ҳамкориҳои судманд дар самти истеҳсолоти иҷро изҳор намуданд.
Дар идома вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои байниидоравиро дар доираи ин санади ҳамкории муштарак боз ҳам густариш хоҳанд дод.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон