Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудавварро дар мавзӯи «Татбиқи феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва проблемаҳои он» баргузор намуд. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ, прокуратура, вазоратҳои корҳои дохилӣ, молия, адлия, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, Бонки миллӣ, Барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ), устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ дар оғози чорабинӣ миннатдории худро ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дастгирию роҳнамоӣ ва мусоидат ба ташкил ва баргузории муколама расонид.
Мавсуф қайд намуд, ки истеҳсолоти иҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои таърихи хос мебошад. Он ҳанӯз 6 майи соли 1925 бо таъсиси Комиссариати халқии адлияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон оғоз гардида, баъдан ислоҳоти он соли 2007 дар асоси Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар барои солҳои 2007-2010 шурӯъ гардид, ки тибқи он соли 2008 истеҳсолоти иҷро аз тобеияти судҳо ва Шӯрои адлия ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Минбаъд бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Роҳбарият ва кормандони Хадамот бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ диққати асосиро ба беҳтар намудани иҷрои воқеии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, барқарор намудани зарари ба манфиати давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ расонидашуда, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона намудааст, ки фоизи иҷро назар ба солҳои пешин ба маротиб баланд бардошта шудааст.
Бо дарназардошти яке аз ниҳодҳои муҳими низоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон будани Хадамоти иҷро зарурати коркард ва тасдиқи нишони мақомоти иҷро ба миён омад.
Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардоштани нақш ва эътибори мақомоти иҷро, инчунин иҷрои саривақтӣ ва маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2019, № 411 Нишони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Дар баробари ин, кормандони мақомот лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия намуданд, ки он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2020, №1524 қабул гардид.
Бояд хотирнишон намуд, ки баъд аз қабул гардидани низомномаи болозикр бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат фосила ба фосила 315 нафар кормандони Хадамоти иҷро, ки ба натиҷаҳои хуби корӣ ноил гардидаанд ба рутбаҳои дараҷавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Хадамот дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ низ ба натиҷаҳои назарррас ноил гардида, дар ин давра аз тарафи кормандони Хадамот ва гурӯҳи корӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» пас аз 14 сол дар таҳрири нав таҳия гардид, ки он аз 13 июни соли 2022 мавриди амал қарор дорад ва тибқи Қонун ваколатҳои иҷрочиён дар рафти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ пурзӯр гардидааст.
Дар асоси Қонуни мазкур «Дастурамал оид ба ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти кормандони мақомоти иҷро» низ баъд аз 14 сол дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуд.
Инчунин, Хадамот бо мақсади муайян кардани рӯзи кормандони мақомоти иҷро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро таҳия намуд, ки тибқи он ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати нав илова шуда, 5 апрел - «Рӯзи кормандони мақомоти иҷро» пешбинӣ гардид.
Дар умум аз ҷониби кормандони Хадамот дар ин давра зиёда аз 27 лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардиданд, ки айни замон мавриди амал қарор доранд.
Хадамот вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти марказии давлатӣ, сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва инкишофи шабакаи ягонаи табодули ҳуҷҷат ва иттилоот байни мақомоти давлатӣ, амалигардонии самараноки консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораандешӣ намуда истодааст.
Аз ҷумла, дар сохтори Хадамот шуъбаи пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст.
Дар ин замина, аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон дар ин давра 7151 шахсони воқеӣ ва 203 шахсони ҳуқуқӣ ворид карда шудаанд.
Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 9 343 қарздорон маҳдудият гузошта шудааст. Амали мазкур натиҷаҳои мусбӣ дода, 1 192 нафар қарздорон сарҳадҳои кишварро убур карда натавониста, маблағҳои қарзиро ба андозаи зиёда аз 9,4 млн. сомонӣ пардохт намуданд. Бо ин васила иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор таъмин гардида, ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маблағҳо ситонида мешаванд.
Моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, аз ҷумла нотариусҳо, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти бақайдгирандаи молу мулки ғайриманқул ва дигар субъектҳоро уҳдадор менамояд, ки дар ҳолатҳои иҷрои ваколатҳои ба онҳо вогузоршуда, дар сурати муроҷиати шахс барои иҷрои амали муайян, ки ба Феҳрист дохил гардида, дар сомонаи расмии Хадамот ҷойгир карда шудааст то иҷрои уҳдадориҳои бо санадҳои судӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор вогузоркардашуда аз ҷониби шахси ба Феҳрист дохил кардашуда амалиёт нагузаронанд.
Маврид ба зикр аст, ки Хадамот дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд Ассотсиатсияи “Хелветас СВИС Интеркооперейшн” навори иҷтимоии видеоӣ вобаста феҳристи ягонаи давлатии қарздоронро омода намуд, ки он дар шабакаҳои телевизионии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардида истодаанд.
Дар ин радиф, Хадамот ҷиҳати иҷрои қисми 2 моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон» таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2023, №73 тасдиқ карда шуд.
Қарори мазкур раванди пешбурд ва воридсозии маълумот дар бораи қарздорон ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ва хориҷ намудани маълумот дар бораи қарздоронро муайян намуда, бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ, пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуби он ва таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро пеш бурда мешавад.
Умед бар он карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ҳамкории Хадамоти иҷро ва зерсохторҳои он бо мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, аз ҷумла нотариусҳо, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаи шиносномадиҳӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, мақомоти бақайдгирандаи молу мулки ғайриманқул ва дигар мақомоти дахлдор густариш ёфта, ҷиҳати ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ рӯёнидани маблағҳо аз ҳама имкониятҳо истифода бурда мешавад.
Баромадкунандагон вобаста ба мавзӯи баррасишаванда, мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли он баромадҳо карда, таклифу пешниҳодҳои худро изҳор доштанд. Ҳамоиш барои дарёфти ҳалли мушкилиҳои соҳа замина гузошт.