4 апрели соли 2023 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандон собиқадорони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ дар оғози чорабинӣ миннатдории худро ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дастгирию роҳнамоӣ дар самти рушди истеҳсолоти иҷро расонид. Мавсуф қайд намуд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 24 декабри соли 2022, 5 апрел - рӯзи кормандони мақомоти иҷро муайян карда шудааст.
Роҳбарият ва кормандони Хадамот бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ диққати асосиро ба беҳтар намудани иҷрои воқеии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, барқарор намудани зарари ба манфиати давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ расонидашуда, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона намудааст.
Бо дарназардошти яке аз ниҳодҳои муҳими низоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон будани Хадамоти иҷро зарурати коркард ва тасдиқи нишони мақомоти иҷро ба миён омад.
Аз ин рӯ, бо мақсади баланд бардоштани нақш ва эътибори мақомоти иҷро, инчунин иҷрои саривақтӣ ва маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2019, № 411 Нишони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Дар баробари ин, кормандони мақомот лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуданд, ки он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2020, №1524 қабул гардид.
Бояд хотирнишон намуд, ки баъд аз қабул гардидани низомномаи болозикр бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат фосила ба фосила 315 нафар кормандони Хадамоти иҷро, ки ба натиҷаҳои хуби корӣ ноил гардидаанд ба рутбаҳои дараҷавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, Низомнома дар бораи тартиби ҳавасмандгардонӣ бо унвони ифтихории «Корманди фахрии мақомоти иҷро», Нишони сарисинагӣ ва Ифтихорномаи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2023, №41 тасдиқ карда шуд, ки тибқи он бори аввал ба 12 нафар кормандон нишони сирисинагии «Корманди фахрии мақомоти иҷро» супурда шуд.
Хадамот дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ низ ба натиҷаҳои назарррас ноил гардида, дар ин давра аз тарафи кормандони мақомот ва гурӯҳи корӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» пас аз 14 сол дар таҳрири нав таҳия гардид, ки он аз 13 июни соли 2022 мавриди амал қарор дорад.
Дар асоси Қонуни мазкур «Дастурамал оид ба ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти кормандони мақомоти иҷро» низ баъд аз 14 сол дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби кормандони Хадамот дар ин давра 27 лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардиданд, ки айни замон мавриди амал қарор доранд.
Хадамот вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти марказии давлатӣ, сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва инкишофи шабакаи ягонаи табодули ҳуҷҷат ва иттилоот байни мақомоти давлатӣ, амалигардонии самараноки консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораандешӣ намуда истодааст.
Аз ҷумла, дар сохтори Хадамот шуъбаи пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст.
Дар ин замина, аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон дар ин давра 7151 шахсони воқеӣ ва 203 шахсони ҳуқуқӣ ворид карда шудаанд.
Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 9 343 қарздорон маҳдудият гузошта шудааст. Амали мазкур натиҷаҳои мусбӣ дода, 1 192 нафар қарздорон сарҳадҳои кишварро убур карда натавониста, маблағҳои қарзиро ба андозаи зиёда аз 9,4 млн. сомонӣ пардохт намуданд. Бо ин васила иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор таъмин гардида, ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маблағҳо ситонида мешаванд.
Яке аз самтҳо асосии фаъолияти Хадамот ин ситонидани малбағи алимент ба шумор меравад. Айни замон аз солҳои пешин дар маҷмӯъ 94 934 адад ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад. Бо тадбирҳои андешидаи Хадамот ва мақомотҳои марбута, ки корро дар ин самт тақвият доданд шумораи истеҳсолотҳои иҷро оид ба ситонидани алимент камтар гардид. Аз ҷониби иҷрочиён танҳо дар ду соли охир ба манфиати модару кудак зиёда аз 58,3 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шудааст.
Дар рафти ҳамоиш кормандони собиқадори Хадамот вобаста ба таъсисёбӣ ва рушди низоми истеҳсолоти иҷро ибрози андеша намуданд.
Сипас, аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ба як қатор кормандон нишони сарисинагии «Корманди фахрии мақомоти иҷро», Ифтихорнома ва рутбаҳои навбатии дараҷавӣ супорида шуд.






