Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар тамоми ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад, ки барои мардуми кӯҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург мебошад. Наврӯз ҷашни баробаршавии шабу рӯз, айёми киштукори баҳорӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои созанда мебошад.
Мувофиқи анъанаҳои неки наврӯзи бо фарорасии фасли баҳор дар ҳар хонадон ба тартиб даровардани манзили зист ва оростани кӯчаву хиёбонҳо оғоз мегардад.
Маҳз бо ҳамин хотир 11 марти соли 2023 кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шанбегӣ гузарониданд.
Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, инчунин барои тоза ва озода нигоҳ доштани утоқҳои корӣ ва гирду атрофи корхона роҳбарияти Хадамот тасмим гирифтааст, ки ҳар ҳафта то ҷашни Наврӯз дар ҳудуди бино шанбегӣ гузаронида шавад.
