9-уми январи соли 2023 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти иҷро дар самти таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид, ки дар он Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Шуҳрат Абдулмаҷид иштирок доштанд.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 Сардори Хадамот Саидвализода Б.С. гузориш дод.
Ҳамзамон, сардорони раёсатҳои иҷро дар вилоятҳои Суғду Хатлон, иҷрочиёни калони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, иҷрочиёни калони судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон, суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолият гузориш доданд.
Сипас, Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Шуҳрат баромад намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президент, стратегияю барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ӯ ба фаъолияти кормандони мақомоти иҷро дар соли 2023 баҳои баланд дода, саҳми арзандаи онҳоро дар иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин иҷро намудани санадҳои дигари мақомоти давлатӣ назаррас номид.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ бо мақсади амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия, гиромидошти 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Дар ин замина, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 31 декабри соли 2023, №668 ба тасвиб расид, ки тибқи он соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.
Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат қарор гирифтани баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, ба монанди волоияти ҳуқуқ ва қонун, иҷрои масъулияти ҳуқуқӣ, иҷрои уҳдадории эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон мебошад.
Зимни ҷаласаи ҳайати мушовара Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода қайд намуданд, ки дар дар соли 2023 бо дастгирию роҳнамоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамот вобаста ба ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа, инчунин дар самти таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро корҳои мақсадноку самарабахшро анҷом дод.
Аз ҷумла, дар ин давра аз ҷониби роҳбарияти Хадамот фаъолияти иҷрочиён пурзӯр карда шуда, бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, Сардори Хадамот Барно Саидвализода камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти кормандони мақомот мавриди муҳокима қарор дода, ба кормандони мақомот ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пуштибонӣ ва татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро, пурзӯр намудани фаъолият оид ба ситониши маблағҳо ба манфиати давлат, шахсони вақеӣ ва ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он сари вақт пешниҳод намудани рӯйхати қарздорон ба феҳристи ягонаи қарздорон ва гузоштани маҳдудият ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди кишвар, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби аъзоёни ҳайати мушовара нақшаи кори Хадамоти иҷро барои нимсолаи якуми соли 2024 тасдиқ карда шуд.
Сипас, аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода ба як қатор кормандоне, ки ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил гардиданд, рутбаҳои дараҷавӣ дода шуда, ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.