Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 71 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, ҳамкории мутақобилан судмандро бо мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои хориҷӣ, инчунин бо дигар шарикони рушд бо дарназардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба роҳ монда истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар оғози соли равон 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҷашн гирифта шуд.
Дар иртибот ба ин, 22 ноябри соли 2023 дар ҳошияи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.
Аз ҷумла, мутобиқ ба тавофуқоти қаблӣ, дар баробари дигар санадҳо, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Россия низ ба имзо расиданд.
Мувофиқаҳои дар ҷараёни музокирот ҳосилшуда ба ҳамкориҳои ду кишвар дар самти иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, инчунин пешгирии қонуншиканиҳо ва саркашӣ кардан аз иҷрои санадҳои судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия такони тоза хоҳанд бахшид.
Инчунин, дар доираи сафар Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия, муҳтарам Барно Саидвализода ба Сарраёсати Хадамоти федералии приставҳои судии шаҳри Москва ташриф оварда, бо роҳбарияти Сарраёсат муҳтарам Николай Коновалов мулоқоти дуҷониба анҷом доданд.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни ду мақомот, аз ҷумла тақвияти ҷараёни татбиқи Ёддошти тафоҳуми ба имзо расонидашуда оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар идома вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои байниидоравиро дар доираи ин санади ҳамкории муштарак боз ҳам густариш диҳанд.
Дар баробари ин, тибқи барнома Сардори Хадамот бо фаъолияти кормандони шуъбаҳои ташкили истеҳсолоти иҷро, таҳқиқ ва кофтуков, инчунин шуъбаи таъиноти махсуси Сарраёсати Хадамоти федералии приставҳои судии шаҳри Москва шинос шуданд.
Боиси қайд аст, ки соли 2020 Хадамоти федералии приставҳои суди Федератсияи Россия ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътироф гардида, дар сохтори он шуъбаҳои таҳқиқ, кофтуков ва таъиноти махсус тасшкил карда шудааст, ки ҳамаи онҳо бо силоҳу аслиҳа ва техникаи муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.