Санаи 7 январи соли 2020 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Хадамот баргузор гардид, ки дар он муовини Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдализода Ф., сардорони Раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамот, Раёсатҳои иҷро дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъбаи иҷро дар ВМКБ, иҷрочиёни калон ва иҷрочиёни Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи мазкур натиҷаи фаъолияти Хадамот дар соли 2019 ва муайян кардани вазифаҳои минбаъда дар самти иҷроиши санадҳои судӣ ва дигар мақомот дар соли 2020 мавриди баррасй қарор дода шуд.
Вобаста ба фаъолияти мақомот доир ба таъмини иҷроиши саривақтии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот, барқарор намудани маблағҳо ба манфиати давлат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар давраи ҳисоботӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода И.М. баромад намуд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар ин давра ҷиҳати беҳтар кардани шароити мусоиди кории кормандони Хадамот тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, иҷроиши саривақтии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот сифатан беҳтар гардидааст. Новобаста аз ин таъкид карда шуд, ки баҳри боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият ва беҳтар кардани натиҷаҳои корӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.
Дар ҷаласа ҳисоботи сардорони Раёсату шуъбаҳои Хадамот, Раёсату шуъбаҳои вилоятҳо, иҷрочиёни калон ва иҷрочиёни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шунида, ба фаъолияти онҳо баҳогузорӣ карда шуд.
Бо қарори ҳайати мушовара дар назди Раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамот, Раёсатҳои иҷро дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъбаи иҷро дар ВМКБ, иҷрочиёни калон ва иҷрочиёни Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати минбаъд пурзӯр намудани фаъолият супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бахши робитаҳои байналмилалии Хадамоти
иҷрои назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон.

Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон