31 январи соли 2020 дар асоси Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2019 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ “Ховар” бо иштироки муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдализода Фозил Сайдалӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он сараввал Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин доир ба фаъолияти Хадамот дар соли 2019 баромад карда, қайд намуд, ки дар ин давра ба Хадамот ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо 51 095 маводҳо ва арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот ворид гардидааст.
Аз ин шумора, дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот 49 756 (2018-52 530) ҳуҷҷати иҷро, аз ҷумла 38 538 адади он аз мақомоти судӣ, 11 173 адад аз дигар мақомот ва 45 навиштаҷоти нотариалӣ ворид гардида, тибқи талаботи онҳо истеҳсолотҳои иҷро оғоз карда шудааст.
Бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ дар давраи ҳисоботӣ иҷрои воқеии 40 394 ё 69,9% ҳуҷҷатҳои иҷро таъмин гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 % зиёд мебошад. Дар ин давра аз ҷониби иҷрочиёни Хадамот бо андешидани чораҳои маҷбурӣ ба манфиати давлат 32 634 646 сомонӣ рӯёнида шудааст.
Баҳри андешидани чораҳои таъминотӣ, 1 376 шахсони воқеӣ ва 52 шахси ҳуқуқӣ ба рӯйхати феҳристи қарздорон ба қайд гирифта шудаанд.
Дар самти ҳамкориҳои байналмиллалӣ, бо мақсади истифода ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо бо Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон ва роҳбарияти барномаи “Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ”-и Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) дар шаҳри Душанбе созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Бо мақсади ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва амалӣ намудани талаботи меъёрҳои “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” кормандони Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 907 (2018-304) вохӯрию сӯҳбат ва баромадҳо доир намуданд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оянда низ ҷихати таъмини иҷрои сари вақтии санадҳои судӣ ва сандаҳои дигар мақомот, барқарор намудани маблағҳо ба фоидаи давлат ва шаҳрвандон тамоми чораҳоро меандешад.
Бахши робитаҳои байналмилалии Хадамоти
иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон