Имрӯз 7 феврали соли 2024 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯи «Паёми сафобахш ва роҳнамои фаъолияти Хадамоти иҷро» ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Зимни баромад Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода қайд намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фарогири натиҷагирии соли сипаригардида, барномарезии соли оянда ва саршор аз нукоте буд хушоянд ва сафобахшу ба оянда дилгармкунанда.
Роҳбари давлат бо дарназардошти дастовардҳои муяссаргардида соли 2023-ро барои халқу давлати мо соли бобарор баҳогузорӣ намуданд. Воқеан ҳам, дар ҷаҳони муосир, ки вазъ ба таври бесобиқа мураккабу печида мегардад, ҳифз карда тавонистани оромишу субот ва дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа даст ёфтан ба пешравиҳою дастовардҳо барору муваффақият аст. Нисбат ба соли 2022 8,3 зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонидани он, дар ҳафт соли охир зиёд гардидани даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар, музди миёнаи меҳнат 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар аз шумори ин дастовардҳост.
Соли 2024 дар кишвари азизи мо як санаи бисёр мубораку фархунда, ки эъмори давлати соҳибистиқлоли мо аз он сарчашма мегирад, яъне 30-солагии қабули Конститутсия таҷлил мегардад. Бахшида ба ин санаи таърихӣ Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Дар ин замина, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 31 декабри соли 2023, №668 ба тасвиб расид, ки тибқи он соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.
Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат қарор гирифтани баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, ба монанди волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 - 2030» тасдиқ намуда, дастгоҳи марказӣ ва тамоми зерсохторҳои Хадамот муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати иҷрои талаботи бандҳои он фаъолиятро тақвият бахшанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Сардори Хадамот, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода вобаста ба татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586 қайд гардид, ки таъмини фаъолияти самарабахши низоми пардохти кишвар яке аз омилҳои калидии фаъолияти босубот ва босуръати низоми бонкӣ маҳсуб ёфта, рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба шаффофияти иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.
Бо мақсади рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти кишвар вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586 ба имзо расид. Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Дар баробар ин, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, №2019 ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид гардид, ки тибқи он барои аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд, ки таъиноти он ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намуди дигари хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, инчунин аз ҷониби онҳо истифодаи кортҳо ва воситаҳои дигари электронии шахсии пардохт бо ин мақсад, ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Дар охир Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ҳамоишро ҷамъбаст намуда, қайд намуданд, ки Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ барои ҳар як сокини шарафманди кишвар паёме буд аз дирӯз ва ояндаи дурахшону саодатовар, ки мебояд онро ба сифати дастури воло ва муфиду созандаву роҳнамо дар кору пайкори хеш сармашқ қарор бидиҳем.