Рӯзи 3 июли соли 2024 тибқи дастуру ҳидоятҳои созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ бо иштироки кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид.
Кормандони Хадамоти иҷро сарҷамъона ба тозакунии саҳни бинову гирду атроф, нармкунии зери дарахтон ва гулу буттаҳои ороишии қаблан шинонида шуда, инчунин дигар корҳои ободониро бо як дилгармӣ анҷом доданд.
Чунин корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дошта, аҳли кормандон ният доранд, ки ҷашни пурифтихори миллиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон