Баланд бардоштани малакаи касбии кормандон дар партави соли маърифати ҳуқуқӣ
14 июни соли 2024 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия, муҳтарам Саидвализода Барно Саиднабӣ ва роҳбари барномаи "Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ"-и ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон Александр Танассе семинари омӯзишӣ таҳти унвон "Баланд бардоштани малакаи касбии кормандон дар партави соли маърифати ҳуқуқӣ" баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Саидвализода Барно Саиднабӣ иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ бо мақсади амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия, гиромидошти 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Дар ин замина, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 31 декабри соли 2023, №668 ба тасвиб расид, ки тибқи он соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.
Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии мамлакат қарор гирифтани баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд, ба монанди волоияти ҳуқуқ ва қонун, иҷрои масъулияти ҳуқуқӣ, иҷрои уҳдадории эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои дигарон мебошад.
Зимнан аз ҷониби сардори Хадамот вобаста ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, бо аҳли илм ва маорифи мамлакат ибрози андеша карданд. Аз ҷумла зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин хотиррасон намуданд, ки «Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд.
Дар баробари ин таъкид намуданд, ки масъалаи ташвишовари дигар ин тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд, ба ҳисоб меравад. Ба мушоҳида мерасад, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари бехабарӣ аз асли масъала мебошад. Занон либосҳои бегонаро бо номи «ҳиҷоб» ё «сатр» истифода карда, ҷавонписарон бошанд ба ришмонии дигар миллатҳо тақлид мекунанд.
Ҳамвора ба ин, таъкид гардид, ки Хадамот бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ бо намояндагони барномаи "Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ"-и ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон муносибати дуҷонибаро тавсеа бахшида истодааст.
Аз ҷумла, дар ҳамбастагӣ бо шарики рушд аз тарафи кормандони Хадамот ва гурӯҳи корӣ ҷиҳати иҷрои банди 3 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои "Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021", ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2019, /1242 тасдиқ гардидааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" дар таҳрири нав таҳия гардид, ки он аз 13 июни соли 2022 мавриди амал қарор дорад. Дар асоси Қонуни мазкур "Дастурамал оид ба ташкили кор, коргузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти иҷро" дар таҳрири нав қабул гардид. Аз тарафи роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот муҳтавои Қонун ва Дастурамали болозикр ба ҳозирин фҳмонида шуд.