Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия муҳтарам Барно Саидвализода ба муовини вазири адлия, сардори Созмони давлатии Тазироти Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмад Усонлу барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Аҳмад Усонлу,
Хабари фоҷиа ва талафоти азими мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон моро сахт андӯҳгин намуд. Дар ин лаҳзаҳои сангин Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ҳамтоёни азиз ва кулли мардуми шарифи Эрон бинобар бар асари суқути фоҷиабори чархбол ба ҳалокат расидани Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон изҳори тасаллияти амиқ менамояд.
Аз Офаридгор, ки тақдиру таҳрири сарнавишти инсонҳо чун дигар халқкардаҳояш дар дасти Ӯст, металабем, ки хонаи охирати азизонро обод ва рӯҳи покашонро тарбиятгари ҷомеаи дӯстдоштанию хидмадкардаашон гардонад.
Номи неку амалҳои дар роҳи таҳкими равобити дӯстонаи кишварҳоямон анҷомдодаи марҳум Ҷаноби Олӣ, мондагор хоҳад буд».

Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон