19 майи соли 2024 дар саросари кишвар Рӯзи дави миллӣ ва Марафони велосипедронӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” доир гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳрии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар масъулин суханронӣ карда, рушди варзиш дар кишвар ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самтро махсус таъкид намуданд ва барои иштирокчиён барору комёбиҳо орзу карданд.
Ҳамин тавр, дави миллии имсола аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардида, иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ зиёда аз 10 км масофаро тай карданд. Дар Дави миллӣ намояндагони касбу кори гуногун - варзишгарон, ҷавонон, бонувон, кормандони мақомоти давлатӣ ва меҳмонону сайёҳон иштирок доштанд. Аз ҷумла, роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар Дави миллӣ фаъолона ширкат карда, ҷонибдории хешро аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста рушди ҷомеаи солиму адолатпарвар, тарбияи тафаккури созандаю бунёдкорона ва худогоҳию худшиносиро тарғиб менамояд, собит карданд.

Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон