9-уми июли соли 2024 ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти иҷро вобаста ба таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид, ки дар он Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Шуҳрат Абдумаҷид иштирок доштанд.
Дар ҷаласа Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода вобаста ба фаъолияти Хадамоти иҷро дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳисоботи муфассал дода, қайд намуданд, ки Хадамот дар давраи ҳисоботӣ диққати асосиро ба иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор равона намуда, ҷиҳати барқарор ва ҳифз намудани манфиатҳои қонунии давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чораҳои муассир андешид.
Зимни ҷаласаи ҳайати мушовара Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода қайд намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 бо дастгирию роҳнамоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамот вобаста ба ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа, инчунин дар самти таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро корҳои мақсадноку самарабахшро анҷом дод.
Ин фаъолият дар таъмини иҷрои воқеии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ баҳри боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зоҳир гардида, дар аксари ин самтҳо пешравиҳо дида мешаванд.
Сардори Хадамот зикр намуд, ки дастгирию роҳнамоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои хуб бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар буд, ки кормандони мақомоти иҷро ба натиҷаҳои хуби корӣ муваффақ гардиданд.
Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти кормандони мақомот мавриди муҳокима қарор дода, ба кормандони мақомот ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пуштибонӣ ва татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро, пурзӯр намудани фаъолият оид ба ситониши маблағҳо ба манфиати давлат, шахсони вақеӣ ва ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он тибқи моддаҳои 47 ва 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” сари вақт пешниҳод намудани рӯйхати қарздорон ба феҳристи қарздорон ва гузоштани маҳдудият ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди кишвар, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Сипас, Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Шуҳрат баромад намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президент, стратегияю барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ӯ фаъолияти кормандони мақомоти иҷроро дар нимсолаи якуми соли 2024 назаррас арзёбӣ намуда, саҳми арзандаи онҳоро дар иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои маданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои маданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин иҷро намудани санадҳои дигар мақомоти давлатӣ қайд намуд.
Дар охир, аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода ба як қатор кормандоне, ки ба натиҷаҳои хуби мењнатӣ ноил гардидаанд, рутбаҳои дараҷавӣ дода шуд.