
23 феврали соли 2024 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 31-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Ато Мирхоҷа, муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод, шоир, муовини ҳафтаномаи Адабиёт ва санъат Салими Зарафшонфар ва шоир Раънои Мубориз иштирок намуданд.
Зимни баромад Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода қайд намуданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи душвори сиёсии кишвар таъсис ёфта, бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва сохти конститутсионии кишвар ва ҳимояи марзу буми Ватан саҳми сазовор гузошт.
Мо ифтихор аз он дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин дастоварди миллӣ баҳри пойдорӣ ва амнияту суботи халқи азизамон бо қадамҳои устувор хизмат карда истодааст.
Бигзор бо неру ва тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу субот ва ваҳдату дӯстии мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷовидон ва нурҳои сулҳу ваҳдат доимо болои мардуми тоҷик ҷилвагар бошад.
Бояд хотирнишон намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сию як сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани кишвар ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис дода шуд.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.
Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар рафти ҳамоиш муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Ато Мирхоҷа, муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод, шоир, муовини ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Салими Зарафшонфар ва шоир Раънои Мубориз, инчунин кормандони Хадамоти иҷро вобаста ба таъсисёбӣ ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Сипас, аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода ба як қатор кормандон рутбаҳои дараҷавии навбатӣ дода шуд.
Дар охир Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода ҳамоишро ҷамъбаст намуда, бори дигар кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар самимона табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломатӣ ва дар ҷодаи ҳифзи Ватани азизамон, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистон рӯҳи қавӣ, иродаи матин ва барору комёбиҳо орзу намуданд.