17 августи соли 2024 бо мақсади сазовор таҷлил намудани 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ баргузор гардид. Кормандони мақомот сарҷамъона ба тозакунии саҳни бинову гирду атроф, нармкунии зери дарахтон ва гулу буттаҳои ороишии қаблан шинонида шуда, рангуборкунии ҷойҳои нишаст, инчунин дигар корҳои ободониро бо як дилгармӣ анҷом доданд. Чунин корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дошта, аҳли кормандон ният доранд, ки ҷашни пурифтихори миллиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.