Дар шаш моҳи соли 2020 ба Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо 23080 маводҳо ва арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот ворид гардидааст.
Аз ин шумора, дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот 22 588 (2019 – 25 887) ҳуҷҷати иҷро, аз ҷумла 17537 адади он аз мақомоти судӣ, 5020 адад аз дигар мақомот ва 31 навиштаҷоти нотариалӣ ворид гардида, тибқи талаботи онҳо истеҳсолоти иҷро оғоз карда шудааст.
Бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ дар давраи ҳисоботӣ иҷрои воқеии 17320 ҳуҷҷати иҷро ё 67,3% ҳуҷҷатҳои иҷро таъмин гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта иҷроиши воқеӣ 9,3 % зиёд мебошад. Ҳамзамон, рӯёниш дар самти барқарор намудани маблағҳои зарари расонидашуда ва ҷарима ба манфиати давлат ба маблағи 8 824 087,56 сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шуда, ғайр аз ин маблағҳо, инчунин маблағи 2 311 049,45 сомонӣ, 178 450 рубли Федератсияи Россия, 189 639 доллари ИМА, 2 875 евро ва 200 юани Ҷумҳурии Хитой ҳамчун маблағҳои ба манфиати давлат мусодирашуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол дода шуд.
Фаъолияти Хадамот дар самти баланд бардоштани масъулияти касбии кормандон ва ҷобаҷогузории дурусти мутахассисон зери назорати доимии роҳбарияти Хадамот қарор дорад.
Ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва банди 48 Низомнома дар бораи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, 26 феврали соли 2020 аттестатсияи кормандон баргузор гардид.
Баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандон, тибқи нақша бо хизматчиёни давлатии Хадамот ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” машғулиятҳои идоравӣ гузаронида шуд.
Дар сохтори Хадамот бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва маҳзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст. Айни замон ба ин феҳрист 1 922 шахсони воқеӣ ва 130 шахси ҳуқуқӣ ворид карда шудааст.
Истифода ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо дар самти истеҳсолоти иҷро дар фаъолияти Хадамот аз манфиат холӣ набуда, барои иҷрои саривақтӣ ва босифати санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот мусоидат хоҳад намуд.
Бо ҳамин мақсад Хадамот бо намояндагони барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) баҳри омӯзиши таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо ҳамкориро идома дода, инчунин бо Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон лоиҳаи созишномаи ҳамкориро таҳия ва ба имзо расонид.
Дар робита ба ин, Хадамот бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Узбекистон ва Арманистон дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ, инчунин бо ҷалби мутахассисони бо таҷрибаи ватанӣ баҳри дар амал татбиқ намудани Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 тасдиқ шудааст, дар самти ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ ва ташкили низоми ягонаи байниидоравии электронӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019, №1242 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои он тасдиқ гардидааст.
Бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва муккамал намудани қонунгузории соҳаи иҷро, такмили тартиби иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ тибқи банди 3 нақшаи мазкур таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар таҳрири нав пешбинӣ гардидааст. Вобаста ба ин масъала аз 4 июни соли 2019, №27/10 гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст ва кор дар ин самт идома дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамот 492 муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд ворид гардидааст. Аз ин шумора, 75 адад аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 адад аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 адад аз мақомоти судӣ, 3 адад аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 370 муроҷиат бевосита аз шахсони воқеӣ ва 25 адад аз шахсони ҳуқуқӣ ворид гардидаанд, ки онҳо дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонун мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Баҳри иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Хадамот ва сохторҳои он ба роҳ монда шудааст.
Дар ин давра дар рӯзҳои қабул аз ҷониби роҳбарияти Хадамот 31 нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ситонидани маблағи алимент, маскун намудан ва ситонидани маблағҳои қарзӣ қабул карда шуда, барои ҳалли ин муроҷиатҳо чораҳои дахлдор андешида шудааст.
Баҳри ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва амалӣ намудани талаботи меъёрҳои “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” кормандони Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 438 маротиба вохӯрию сӯҳбат ва баромадҳо доир намудаанд.
Ҷиҳати беҳтар намудани шароити кории иҷрочиён Роҳбарияти Хадамот тадбирҳои зарурӣ андешида, утоқҳои кории иҷрочиёни Хадамот дар баъзе манотиқи ҷумҳурӣ, ки таъмирталаб буданд пурра таъмир карда шуд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон