Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он ҳар ҳафта шанбегиҳо баргузор мегарданд, ки дар он роҳбарият ва ҳайати шахсӣ дар корҳои ободонии гирду атрофи биноҳои маъмурӣ саҳми худро мегузоранд.
7-уми сентябри соли 2024 дар шанбегии навбатӣ кормандони мақомот сарҷамъона ба ҳашар баромада, тозакунии саҳни бинову гирду атроф, нармкунии зери дарахтон ва гулу буттаҳои ороишии қаблан шинонида шуда, инчунин дигар корҳои ободониро бо як дилгармӣ шуруъ намуданд.
Чунин корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дошта, аҳли кормандон ният доранд, ки ҷашни пурифтихори миллиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.