Саидвализода Б.С.,
Сардори Хадамоти иҷрои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқ
«Асоси хушбахтӣ ва таҳрикбахши рушди кишвар»
Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қатори дигар кишварҳо, истиқлолият пайдо намуд, аммо мухолифати ҷонибҳо, талоши сиёсатмадорони худхоҳ барои ҳокимият кишварро ба ҷанги таҳмилӣ кашид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабабҳои асосии ҷанги таҳмилиро шарҳ дода, зикр намуданд: «Муборизаи ошкоро барои ҳокимият, талошҳои бо роҳи зиддиқонунӣ, зӯроварӣ ва зиддидемократӣ ба даст овардани он дар ҷомеа тафриқа андохта, ба ҷанги бемаънии бародаркуш оварда расонид».[1] Бар асари ҷангу нобасомониҳо мо ҳисороти калони молию ҷонӣ дидем. Зарари моддии ҷанги бародаркуш зиёда аз 7 миллиард доллари ИМА ва ҳисороти ҷуброннашавандаи ҷонӣ бошад фавти зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандро дар бар гирифт, ки дар натиҷа, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, 25 ҳазор зан бе саробон гаштанд.[2]
Ҷанги таҳмилӣ рушди иқтисодиёти кишварро қафо зада, боиси зиёд шудани теъдоди гурезаҳо дар хориҷи кишвар шуд. Илова бар ин, мутахассисони соҳибтаҷрибаи тиб, иқтисодиёт, ҳуқуқ ва дигар соҳаҳо кишварро тарк намуданд. Қисмати дигар аз ҷониби афроди ҷиноятпешша ба қатл расиданд.
Ҳукумати он вақта аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дарпешистода набаромад ва дар натиҷа амалҳои ҷинояткоронаю хунрезӣ авҷ гирифта мардум қашшоқ гардид. Вилояти собиқи Кӯлоб дар ҳолати муҳосираи иқтисодию нақлиётӣ қарор гирифт. Нон, хӯрокворӣ, нақлиёт, сӯзишворӣ намерасид, фавти одамон зиёд гардид. Дар шаҳри Душанбе, ки он солҳо донпишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ будам, барои харидорӣ намудани нон аз субҳ то шом навбат меистодем ва ба мо дар қатори дигарон миқдори муайяни нон фӯрухта мешуд. Васоити ахбори оммаи ҳамон вақта танҳо мотами фавтидагонро намоиш медод, ки аз ин мардум доимо дар таҳлука меафтоданд.
Вазъи сиёсии кишвар басо ташвишовар буд. Дар ҷанги таҳмилӣ зархаридони хориҷӣ дар қатори баъзе шаҳрвандони гумроҳ бар зидди миллат меҷангиданд. Вазъияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон муташанниҷ шуда, тавассути сарҳад ба кишвар гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистии динӣ фиристода мешуд.
[1] Рахмонов Э.Ш. Политика мира и создания. Выступления и речи. – Душанбе. 2001. –С.9.
[2] История таджикского народа. – Т. 6. – Душанбе. 2011. –С.456.
Дар чунин вазъият, бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки дар он ба бахти халқи тоҷик, аз ҷониби вакилон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Аз рӯзҳои аввали фаъолият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро талқин менамуданд: «Мусолиҳаи миллӣ барои ҷумҳурӣ чун обу ҳаво зарур аст. Мо танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардуми ҷумҳуриро устувор карда метавонем. Анҷоми ҳамаи ҷангҳо оштист, хоса низоъҳое, ки дар сари ҷаҳлу ғазаб, нофаҳмӣ ё бо ангезаи қувваҳои бадхоҳ байни бародарон сар мезанад. Имрӯз Тоҷикистон бо марҳилаи нав қадам мегузорад ва ҳар як фарзанди он агар нангу номус дошта бошад, дар ин ҷаҳони пуртазод бояд ғами ояндаи фарзандони худ ва давлату миллатро хӯрад».
Бо чунин суханрониву нақшаю ниятҳо ва аз ҳама муҳим бо ифода ва дастгирӣ кардани манфиатҳои мардум Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳаббату боварии мардумро соҳиб шуданд. Иқдому амалҳои шоистаи Сарвари давлат дар бобати роҳандозии музокироти сулҳ, баргардонидани гурезаҳо, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор намудани артиш ва сохторҳои дигари қудратӣ, халъи силоҳи гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, бо озуқа таъмин кардани мардум, фаҳмонидани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ боварии ҳамагонро ба ояндаи нек қавӣ гардонид.
Соли 1996 дар арафаи баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вохурӣ бо собиқ роҳбари мухолифини яроқнок ба кишваре, ки он ҷо солҳо ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуданд. Ин амал худ таҷассумгари ҷасорату масъулиятшиносии шахси роҳбарро нишон медиҳад.
Президенти кишвар тавонистанд бо кӯшиши зиёд гурезаҳои тоҷикро ба Ватан баргардонида, бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, шахсонеро, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ, маъмурӣ озод намоянд. Ҳамчунин, бо мақсади таъмини оромию осудагии мардум Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои собиқ иттиҳоди мухолифин дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ мансаб дода, мушкилоти тоҷиконро бо роҳи мусолиҳа ҳал намуданд, то сулҳро дар кишвари азизамон барқарор намоянд.
Бахшандагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин амали неки хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагиро дар кишвар ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Сулҳи тоҷикон ҳоло аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи беназири сулҳофаринӣ пазируфта шудааст. Дар муддати кӯтоҳ ба охир расидани ҷанги таҳмилӣ бори дигар нишонаи матонату садоқат ба Ватан, ақлу фарҳанги волои тоҷикон, ватандӯстию масъулиятшиносии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Баъди ба даст овардани ваҳдати миллӣ сохти конститутсионии давлат боз ҳам такмил ва парлумони дупалатагӣ таъсис ёфт. Сафи занҳои роҳбарикунанда дар мамлакат зиёд гардид, сохтмони роҳҳои нави дохилӣ ва байналмилалӣ, бунёди неругоҳҳои азими барқӣ идома ёфт, теъдоди муассисаҳои таълимии замонавӣ зиёд шуд. Тоҷикистон бо роҳи дунявию демократӣ устуворона пеш рафт. Таъсиси корхонаҳои муштарак, биноҳои замонавӣ, рушди энергетика, фаъолияти аҳзобу ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ нишонаи сулҳу ваҳдат буданд, ки барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Акнун зарур аст, ки ба қадри неъмати бузурги соҳибватанӣ ва соҳибдавлат будан, осоиштагию сулҳу ваҳдат расем, онҳоро муқаддас донем, аз сабақу дастовардаҳои нодири сулҳофаринамон ҷаҳониёнро бохабар созем. Зеро то ҳанӯз халқу миллатҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди фарзандони фарзонаю мубориз доштанашон, давлати мустақили миллӣ надоранд. Ин аст, ки то ҳанӯз дар ҷаҳони муосир муборизаҳои миллии озодихоҳӣ идома доранд ва ҳазорҳо нафар дар ин роҳ қурбон мешаванд.
27 июни соли 1997 ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар кишвар таҷлил мегардад. Он тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиши ҷомеа аст, ки боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи неки кишвар гардидааст.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон