Дар остонаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат зимни баргузории маҷлиси тантанавӣ аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода тибқи Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2020,№1524 тасдиқ шудааст, ба кормандоне, ки натиҷаҳои хуби кориро ноил гардидаанд рутбаҳои дараҷавӣ тақдим гардид.
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода қайд намуд, ки пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ вобастагӣ дошта, дар таъмини адолати судӣ иҷрои санадҳои судӣ нақши муҳим дорад, зеро тавассути иҷрои санадҳои судӣ боварии мардум ба ҳокимияти судӣ ва мақомоти иҷро зиёд гардида, ба ташаккули давлати ҳуқуқбунёд дар кишварамон такони бузурге мебахшад.
Бо ҳамин мақсад ва бо мақсади ба роҳ мондани иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва санадҳои мақомоти давлатӣ бо ташабуси сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро таъмин менамояд.
Хадамот диққати асосиро ба барқарор намудани зарари ба манфиати давлат, шаҳрвандон расонидашуда равона намуда, рафти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомотро дар ин самт зери назорати қатъи қарор медиҳад.
Дар тули фаъолияти начандон зиёд кормандорни мақомот бо меҳнати содиқонаю софдилона ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд ва махсусан боиси қайд аст, ки дар иҷрои санадҳои судӣ вобаста ба барқарор намудани товони зарари моддӣ ба шаҳрвандон ва давлат, ситониши давравии алимент, ба феҳристи қарздорон ворид намудан ва гузоштани маҳдудият, ки имрӯзҳо натиҷаи хубро ба бор овардааст, таҳияи якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, инчунин фаъолияти гурӯҳи кории дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” шоистаи таҳсин аст.
Дар самти муносибатҳои байналмилалӣ бошад Хадамот бо намояндагони барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) баҳри омӯзиши таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо ҳамкориро идома дода, инчунин бо Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҷурии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкориро ба имзо расонид. Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти федеролии приставҳои судии Федератсияи Россия дар арафаи мувофиқакунонии тарафҳо қарор дорад.
Сардори Хадамот қайд намуд, ки минбаъд низ мо бояд баҳри ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро ва барқарор намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани обрую нуфузи кишварамон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода намоем. Дар охир Сардори Хадамот аҳли толорро бо фарорасии 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба онҳо иқболи нек, рӯзгори пурфайзу баракат, саодат ва комёбиву хушбахтӣ ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту тараққиёти рӯзафзунро орзу намуд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон