Мувофиқи анъанаҳои неки наврӯзи бо фарорасии фасли баҳор дар ҳар хонадон ба тартиб даровардани манзили зист ва оростани кӯчаву хиёбонҳо оғоз мегардад.
Идома бахшидан ба ин суннатҳои неки аҷдодӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, таблиғи меҳнату зиндагии солим, бузургдошти анъанаҳои неки ниёгон, фарҳангпарастиву худшиносӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва пешрафту шукуфоии кишвари азизамон мусоидат менамояд.
Руҳияи баланди мардуми кишвар, дастгирии самимонаи ташаббусҳои Пешвои миллат далели он аст, ки мо бо орзуи он, ки Наврӯзи имсола ба пешвози арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дастовардҳои бузургро ба армуғон меорад, ин ҷашни мубораки миллиро бо шукӯҳ ва ташаббусҳои созанда истиқбол мегирем.
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ва муовини якуми Раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа иштирокчиёни чорабиниро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи бостонӣ самимона муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту саодат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот, ваҳдати миллии ҷовидона ва дастовардҳои бузург орзу намуданд.
Иштирокчиён дар оростани дастрахони Наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, пухтани суманак, хони Наврӯзӣ маҳорати худро нишон доданд.
Ҳамзамон маҳфили шеъру суруд бо иштироки шоирону нависандагон ва ҳофизон барпо гардида, хотири иштирокчиёнро шод намуданд.



