4 октябри соли 2024 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи «Забони давлатӣ» бо иштироки кормандони мақомот ва шоирону адибони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.
Аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода қайд карда шуд, ки ҷомеа бидуни забон ва забон бидуни ҷомеа вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, баробари рушду пешрафти ҷомеа забон низ такомул меёбад ва дигаргуниҳои ҷомеа низ дар забон бозтоб мешаванд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, забон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. Интишори китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»‐и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дарбар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки давлату Ҳукумат нисбати тақдири забони давлатӣ бетаваҷҷуҳ набуда, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳангоми ироаи Паёмҳои маъмулии хеш ба масъалаи забон рӯ оварда, ба таҳлили бисёр омилҳое пардохтаанд, ки дар сурати дар амал татбиқ гардидани онҳо мавқею нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони илм дар ҳамқадамӣ бо замон боз ҳам тақвият меёбад.
Сипас, сармуҳаррири маҷалаи “Садои Шарқ”, шоири халқии Тољикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Абўабдулоҳи Рӯдакӣ - Рустам Ваҳҳобзода, директори маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, сиёсатшинос Абдулло Раҳнамо ва кормандони Хадамоти иҷро дар бораи таърихи пайдоиши забон, бузургдошти он баромад намуда, ҳозиринро бо рӯзи забони давлатӣ табрику муборакбод намуданд.
Дар охир, иштирокчиёни ҳамоиш миннатдории худро ба Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пост доштани забони давлатӣ ва ҳамчун муқаддасоти миллат пазируфта шудани он арзи сипос намуданд.