28 октябри соли 2024 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 30-умин солгари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Конститутсия – санади тақдирсози миллат»-ро баргузор намуд. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, прокуратура, вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Чорабинии идонаро Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Саидвализода Барно Саиднабӣ Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, Низом Қосим оғоз намуда, қайд карданд, ки таҷлили 30-умин солгарди Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.
Мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ 30 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷикон таҳким ёфт.
Ҳукумати кишвар бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари қабули Конститутсия фаъолияти худро дар асоси талаботи он ба роҳ монда, дар пешрафту рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мунтазам иқдомҳои созандаро роҳандозӣ менамояд.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати соњибихтиёр, демократї, ҳуқуқбунёд, дунявї ва ягона заминаи боэътимод гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд.
Сипас намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ, прокуратура, вазорату идораҳои дахлдор, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва шарикони рушд баромад намуда, аҳамияти бузург доштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаккули низоми қонунгузории мамлакат қайд намуданд.