4 декабри соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи Сардори Хадамот, генерал-майори милитсия Саидвализода Барно Саиднабӣ бо директори минтақавии Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон ҷаноби Ибраҳим Этҳем Ӯнал баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни ду мақомот, аз ҷумла тақвияти ҷараёни ба имзо расонидани «Барномаи табодули таҷриба» мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки ТИКА аз соли 1995 инҷониб дар Чумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, дар татбиқи амалии беш аз 500 лоиҳаҳои хурду миёнаи таъйиноташон гуногун дар соҳаҳои таъмини адолати судӣ, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, касбомӯзӣ ва рушди воҳидҳои маъмурӣ саҳми худро гузоштааст.
Дар идома вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъдаи мутақобилан судманд изҳор намуданд.

Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон