Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Шуҳрат фаъолияти кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нимсолаи аввали соли 2021 назаррас арзёбӣ намуд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти кормандони мақомоти иҷро Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Шуҳрат сухан гуфт. Ӯ ба фаъолияти кормандони мақомоти иҷро дар нимсолаи аввали соли 2021 баҳои баланд дода, саҳми арзандаи онҳоро дар иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба баҳсҳои гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисми даъвои гражданӣ, ситонидани ҷарима ва мусодираи молу мулк, инчунин иҷро намудани санадҳои дигар мақомоти давлатӣ назаррас номид.
Ҳамчунин барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсии дар пешистода, аз ҷумла ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷумҳурӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин иҷрои самаранок ва саривақтии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот ба кормандони мақомот дар фаъолияти хизматиашон комёбиҳо таманно намуд.
Зимни ҷаласаи ҳайати мушовара Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода қайд намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2021 бо дастгирию роҳнамоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамот вобаста ба ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа, инчунин дар самти таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро корҳои мақсадноку самарабахшро анҷом дод.
Ин фаъолият дар таъмини иҷрои воқеии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ баҳри боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зоҳир гардида, дар аксари ин самтҳо пешравиҳои назаррас дида мешаванд.
Сардори Хадамот зикр намуд, ки дастгирию роҳнамоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои хуб бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар буд, ки кормандони мақомоти иҷро ба натиҷаҳои хуби корӣ муваффақ гардиданд.
Чунончӣ, дар ин давра бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 20 762 ҳуҷҷати иҷро ё 72,1 % ба маблағи 106 726 057 сомонӣ, 1 380 174 доллари ИМА, 3 494 138 рубли Федератсияи Россия ва 306 156 суми Ҷумҳурии Узбекистон таъмин гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта иҷрои воқеӣ 3,7 % ба маблағи 68 030 107 сомонӣ, 1 008 092 доллари ИМА зиёд гардида, дар натиҷа 19 911 791 сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба манфиати давлат 11 087 707 сомонӣ зиёд маблағ рӯёнида шудааст.
Дар ин давра аз рӯи теъдоди истеҳсолотҳои воқеан иҷрогардида нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 % ва аз ҳисоби ситонидани маблағ 8,2 % иҷроиши воқеӣ зиёд гардидааст.
Инчунин, иҷрочиёни мақомоти иҷро бо анҷом додани амалҳои иҷрои маҷбурӣ вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ 341 ҳуҷҷати иҷроро ба маблағи умумии 81 172 670 сомонӣ, 1 341 174 доллари ИМА, 3 490 638 рубли Федератсияи Россия рӯёнидаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2020 77 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 53 837 089 сомонӣ ва 1 017 684 доллари ИМА зиёд ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ рӯёнида шудааст.
Ҳамзамон, иҷрочиёни мақомот бо гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ ба манфиати шахсони воқеӣ 8 202 адад ҳуҷҷатҳои иҷроро ба маблағи 6 068 640 сомонӣ ва 39 000 доллари ИМА ба таври воқеӣ ба иҷро расониданд, ки нисбат ба соли гузашта 518 адад ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 3 680 410 сомонӣ зиёд ба манфиати шахсони воқеӣ рӯёнида шудааст.
Иҷрои 768 (2020 – 374) адад ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 38 193 164 сомонӣ, 641 074 доллари ИМА ва 1363 611 рубли Федератсияи Россия бо қарорҳои судӣ қатъ, 377 адад бо гузаронидани муҳлат амалӣ гардидааст.Қайд гардид, ки иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ зери назорати қатъии роҳбарияти Хадамот қарор дошта, натиҷаи хуб ба роҳ мондани фаъолияти иҷрочиёни мақомот мебошад, ки назар ба ҳамин давраи соли 2020 ба миқдори 1 660 ё 13 % камтар муҳлати иҷро гузаронида шудааст.
Баҳри ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва амалӣ намудани талаботи меъёрҳои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» кормандони Хадамот дар давраи ҳисоботӣ 1162 вохуриву сӯҳбат ва баромадҳо доир намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 724 адад зиёд мебошад.
Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти кормандони мақомот мавриди муҳокима қарор дода, ба кормандони мақомот ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пуштибонӣ ва татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташкил ва танзими давлатии истеҳсолоти иҷро, пурзӯр намудани фаъолият оид ба ситониши маблағҳо ба манфиати давлат, шахсони вақеӣ ва ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он тибқи моддаи 421 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”сари вақт пешниҳод намудани рӯйхати қарздорон ба феҳристи қарздорон ва гузоштани маҳдудият ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди кишвар, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон