6 марти соли 2024 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Модар – фариштаи ҳаёт ва ҳомии зиндагии башар дар рӯи замин» чорабинии идона баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарият ва кормандони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни баромад Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода қайд намуданд, ки Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд. Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад.
Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, дар замири онҳо ҷой намудани эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Ғамхорӣ ба занон, модарон бахши муҳими сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, исботи ин гуфтаҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамуда, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад, ки намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба мо занон ва қадрдонӣ аз масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордониамон аст. Имрӯз барои фаъолгардонии нақшамон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд, ки масъулияти мо занонро дар пешбурди фаъолияти рӯзмараамон баҳри ободии кишвари азизамон зиёд менамояд.
Мо ба нақши зан - модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.
Бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.
Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст.
Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати Модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад.
Дар чорабинӣ шоирону нависандагон ва кормандони Хадамот дар васфи зан - Модар баромаду шеърҳо қироат намуданд.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон