Cанаи 8 феврали соли 2025 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон шанбегӣ баргузор гардид.
Кормандони Хадамоти иҷро сарҷамъона ба шанбегӣ баромада, тозакунии саҳни бинову гирду атроф, нармкунии зери дарахтон ва гулу буттаҳои ороишии қаблан шинонида шуда, инчунин дигар корҳои ободониро бо як дилгармӣ шуруъ намуданд.
Чунин корҳои ободониву созандагӣ минбаъд низ рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта аз ҷониби аҳли кормандон бомаром идома дода мешавад.