ҲАМОИШ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
21 феврали соли 2025 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарият ва кормандони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни баромад сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Аҳтам Абдуллозода қайд намуданд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи душвори сиёсии кишвар таъсис ёфта, бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кўтоҳи таърихӣ ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва сохти конститутсионии кишвар ва ҳимояи марзу буми Ватан саҳми сазовор гузошт.
Мо ифтихор аз он дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин дастоварди миллӣ баҳри пойдорӣ ва амнияту суботи халқи азизамон бо қадамҳои устувор хизмат карда истодааст.
Бояд хотирнишон намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сию як сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани кишвар ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис дода шуд.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.
Дар рафти ҳамоиш муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Ато Мирхоҷа, шоирон Толиби Луқмон, Парда Ҳабиб ва Бузургмеҳри Тоҷиддин, инчунин кормандони Хадамоти иҷро вобаста ба таъсисёбӣ ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Сипас, аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандон рутбаҳои дараҷавии навбатӣ дода шуд.