ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ
Ҳамасола бо фарорасии фасли баҳорон дар тамоми гушаву канори Ватанамон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ҳар як фарди Ватандӯсту хештаншинос аз хурд то калон дар ин кори хайру савоб ва поккориву сабзу хуррам гардонидани диёрамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Инак бо ин мақсад тибқи дастуру супоришҳои сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ санаи 1 марти соли 2025 кормандони Хадамоти иҷро сарҷамъона ба шанбегӣ баромада, тозакунии саҳни бинову гирду атроф, нармкунии зери дарахтон ва гулу буттаҳои ороишии қаблан шинонида шуда, инчунин дигар корҳои ободониро бо як дилгармӣ шуруъ намуданд.
Чунин корҳои ободониву созандагӣ минбаъд низ рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта аз ҷониби аҳли кормандон бомаром идома дода мешавад.