31 январи соли 2025 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзўи “Паём – роҳнамо дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва расидан ба ормонҳои миллӣ”-ро баргузор намуд.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роњбарият ва кормандони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш Равшан Махсумзод – муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Абдулло Раҳнамо - номзади илмҳои сиёсӣ, сиёсатшинос, директори маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Каримзода Рухшона – номзаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ёвари сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро муовини якуми сардори Хадамот Сафарзода Абдураҳим ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки Паём ин дастури муфиду роҳнамое мебошад, ки ҳар яки моро ба сӯйи ояндаи дурахшон, бунёди ҷомеаи осоишта бо азму ирода ва ташаббусҳои наҷибу созанда ва ифтихор доштан аз фарҳангу тамаддуни миллат раҳнамун месозад. Ин санади муҳимму тақдирсозро мебояд ҳамчун дастури роҳнамову сармашқи фаъолияти худ қарор диҳем.
Сипас, Равшан Махсумзод – муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Абдулло Раҳнамо - номзади илмҳои сиёсӣ, сиёсатшинос, директори маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон суханронӣ карда, оид ба масоили Паёми навбатӣ андешаҳои худро иброз намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҳар яки мо бояд пайравӣ аз ҳадафҳои некбинонаи Пешвои миллат намуда, саъю кўшиши худро баҳри ободии Ватани азизамон равона созем.
Дар идомаи ҳамоиш, Каримзода Рухшона - номзаи илмњои ҳуқуқшиносӣ, ёвари сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда қайд намуд, ки Сарвари давлат мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Дар фарҷоми ҳамоиш муовини якуми сардори Хадамот Сафарзода Абдураҳим аз меҳмонон ҷиҳати иштирок ва ибрози андешаҳои саҳеҳ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, ба кулли ҳозирин барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат барору комёбиҳо таманно намуд.