5 марти соли 2025 дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои соли 2025 аз ҷониби Сарнозири Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода А.А. машғулияти идоравӣ дар мавзӯи «Мақсад ва моҳияти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва шарҳи муҳтавои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 № 465 «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» гузаронида шуд.
Дар машғулияти идоравӣ роҳбарияти Хадамот, кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои ҳудудии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Машғулияти идоравироро муовини якуми сардори Хадамот Сафарзода А.Қ. ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба хавфнокии коррупсия ва пешгирии он дар байни кормандони Хадамоти иҷро маълумоти мушаххас доданд.
Муҳтарам Розиқзода А.А. дар баромади худ вобаста ба мазмуну моҳияти стратегия ва хавфу хатари коррупсия ба давлату ҷомеа, тарзу усул ва роҳҳои самараноки таъмин намудани талаботи он, инчунин муҳтавои методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) маърӯза намуданд.
Ҳамзамон, номбурда иброз дошт, ки дар мубориза бо коррупсия ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд саҳми худро гузорад ва танҳо дар шакли дастаҷамъона мо метавонем сатҳи ин зуҳуроти номатлубро дар ҷомеа коҳиш диҳем.
Қобили қайд аст, ки аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста ба масъалаи муқовимат ба коррупсия ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва машғулиятҳои идоравӣ диққати махсус зоҳир мегардад ва кормандон ҷиҳати даст назадан ба ин амалҳои номатлуб огоҳ карда мешаванд.