4 апрели соли 2025 дар толори КВД БА Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро» баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарият, собиқадорони соҳа ва кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Аҳтам Рустам дар оғози чорабинӣ миннатдории худро ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дастгирию роҳнамоӣ дар самти рушди истеҳсолоти иҷро расонид. Таъкид гардид, ки дар давоми таъсис ва фаъолияти Хадамоти иҷро аз ҷониби Ҳукумати кишвар, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Хадамот ба таҳким ва такмили заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳа мусоидат карда, сифати иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо маротиб баланд гардида, ин самти фаъолият давра ба давра ташаккул ёфта, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда истодааст ва имрӯз аз таъсис ин ниҳоди муҳими давлатӣ 7 сол сипарӣ мешавад. Ҳамзамон зикр гардид, ки соли 2025 ҳамчун “Соли тақвияти фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои корӣ дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баррасӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба фаъолияти соҳа эълон гардида, дар ин замина санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил, низоми истеҳсолоти иҷро ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Хадамот ба сатҳи нав бароварда шуда, ҷиҳати баланд бардоштани касбият ва донишҳои соҳавии кормандон чораҷӯйӣ карда мешавад. Инчунин қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки дар марҳилаи имрӯза бо истифода аз усулҳои «Ҳукумати электронӣ» ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти техникаю технологияи нав аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва такмили равандҳои инноватсионии кишвар бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид. Бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор бо фармоиши сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2025, №60 гурӯҳи корӣ вобаста ба рақамикунонии низоми истеҳсолоти иҷро таъсис дода шудааст. Аз тарафи гурўҳи корӣ баҳри бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта ҷиҳати ҳарчи зудтар гузаштан ба рақамикунонии соҳаи истеҳсолоти иҷро тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст. Дар идомаи баргузории чорабинӣ роҳбарони як қатор мақомоти дахлдор ва собиқадорони соҳа вобаста ба таъсисёбии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро, нақши Пешвои миллат дар ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи истеҳсолоти иҷро саҳми Пешвои муаззами миллат дар баланд бардоштани мақомоти зан дар ҷомеа, таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳаи истеҳсолоти иҷро дар замони соҳибистиқлолӣ ва масъалаҳои муҳими соҳаи истеҳсолоти иҷро дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовардҳо ва мушкилот маърӯзаҳо карданд. Сипас бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” маросими савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ - кормандони ҷавони Хадамот, ки бори аввал ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, доир гардид.












