Муҳтарам кормандони мақомоти иҷро, собиқадорони соҳа!
Бо самимияти афзун Шуморо ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти иҷро, ки ҳамасола 5 апрел таҷлил карда мешавад, сидқан табрику шодбош мегӯям.
Дар давраи таърихи начандон калони таъсис ва фаъолият худ Хадамоти иҷро дар баробари дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати таҳкими адолати судӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва давлат мақоми хоса пайдо намудааст.
Кормандони Хадамоти иҷро дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дар шароити идомаёбандаи ислоҳоти давлатӣ самарабахш бароҳ монда, заминаҳои аввалияи низоми истеҳсолоти иҷроро дар мақомоти дахлдор азнавсозӣ ва санадҳои соҳавию методиро такмил дода, баҳри баланд бардоштани савияи касбии кормандони ин мақом саҳмгузории ҷиддӣ намуда истодаанд.
Бо такя ба таҳлилҳои ҷойдошта, ба инобат гирифтани таҷрибаи андӯхтаи миллӣ ва байналмилалӣ ва бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин заминаҳои меъёрии ҳуқуқии Хадамот такмил ёфта, барои таъмини самаранокии фаъолият воҳидҳои кории иловагӣ ҷудо шуда, ҳамкориҳои байналмилалии Хадамот бо мақомоти ҳамшабеҳи давлатҳои хориҷӣ тавассути имзои санадҳои дахлдор тавсеа ёфтааст.
Дар сатҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидани рўзи 5 апрел, ҳамчун рўзи кормандони Хадамоти иҷро аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ба ин соҳаи муҳими давлатдорӣ шаҳодат медиҳад.
Умедвор ҳастам, ки мо якҷо бо Шумо аҳли коллективи Хадамоти иҷро бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ баҳри татбиқи босифат ва ҳадафмандонаи сиёсати Пешвои муаззами миллат дар соҳаи истеҳсолоти иҷро тамоми кӯшиш ва қувваи худро сафарбар менамоем.
Бо истифода аз фурсати муносиб ва ибрози беҳтарин таманниёти нек собиқадорони соҳа ва кормандони мақомоти иҷроро, ки дар рушди соҳаи истеҳсолоти иҷро саҳми басо муносиб гузоштаанд, ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфта, бароятон тандурустии бардавом, иқболи нек, толеи баланд, рўзгори ободу осуда ва дар иҷрои рисолати пуршарафи хизматӣ барору комёбиҳои назаррасро орзумандам.

Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон